19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19. Кумаки моддии Пешвои миллат ба табибон ва сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ

365
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони ҷумҳурӣ ва нафароне, ки ба бемории нави короновирус — COVID-19 гирифтор шудаанд, дар корвони иборат аз 45 мошини пурбор кумаки моддии Пешвои муаззами миллат аз пойтахти мамлакат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фиристода шуд.

Ба ҳамаи шахсони мубталои бемории вируси нав ва табибони 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ дар ҳаҷми 500 тонна маводи хӯрокворӣ бо маблағи қариб 3 миллион сомонӣ дастрас мегардад.

Маводҳои озуқаворӣ асосан аз молҳои ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар хӯрокворӣ иборат аст.

Дар қатори мошинҳои маводи озуқаворӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бо маблағи умумии 2 миллион сомонӣ маводи зарурии доруворӣ ва ба беморхонаи марказии вилоят 1 адад мошини ёрии таъҷилӣ тӯҳфаи Президенти мамлакат фиристода мешавад. Илова ба маводи доруворӣ ба табибони беморхонаҳои вилоят сару либоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ кумак карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми иншооти соҳаи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят 500 тонна ангишт дастрас гардид.

Кӯмаки зикршуда табибон ва тамоми беморони ба вируси нави короновирус мубталошудаи ВМКБ-ро фаро гирифта, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморон ва дар маҷмуъ мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Бо мақсади ба таври шаффоф, мақсаднок ва суроғавӣ дастрас намудани маводи доруворӣ ва молу маҳсулоти хурокворӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории короновирус COVID — 19 ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво