25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кумаки моддии Раҳмон Озода Эмомалӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара

335
13 май дар доираи татбиқи ташаббусу иқдомҳои иҷтимоӣ ва бо пайравӣ аз хислатҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави короновирус — COVID-19 аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон кумаки моддӣ расонида шуд. Кумак асосан аз маҷмуи рахти хоб иборат буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Имрӯз ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара 100 кати тиббии хоб, 100 курпача бо 100 болишти пахтагӣ, дар маҷмуъ 100 рахти хоб, супорида шуд.

Кормандони беморхона барои ин таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоси беандоза карда, иброз намуданд, ки бо тамоми масъулият хизмати мардумро ба ҷо меоранд. Баҳри таъмини солимии ҷомеа аз тамоми имкониятҳои корӣ ва кумаки моддии Ҳукумати мамлакат самаранок истифода мебаранд.

Ҳамчунин Раҳмон Озода Эмомалӣ ба нақша гирифтаанд, ки ҳафтаи оянда беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои мамлакатро, ки ба доруворӣ ниёз доранд, ба маблағи умумии 115 ҳазор сомонӣ бо маводи зарурии доруворӣ таъмин намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво