29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ШИФО ВА ҲАМДИЛӢ». Таҳти чунин унвон корвони 25 мошини борбар бо маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ озими Хатлон шуд

318
«ШИФО ВА ҲАМДИЛӢ». Таҳти чунин унвон корвони 25 мошини борбар бо маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ озими Хатлон шуд

Имрӯз, 9 май, бо ташаббуси хайрхоҳонаи соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов корвони иборат аз 25 мошини борбар барои кумак расонидан ба сокинони вилояти Хатлон, ки дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ шудаанд, ба шаҳри Бохтар ворид гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин иқдом, ки таҳти унвони «Шифо ва ҳамдилӣ» амалӣ мегардад, муассисаҳои тандурустии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла маводи гуногуни доруворӣ, либосҳои тиббии муҳофизатӣ, айнакҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳо, маводҳои антисептикӣ, маводҳои поккориву тамизкорӣ ва ғайра пурра ба тариқи ройгон таъмин карда мешаванд. Кумакҳои мазкур дар маҷмӯъ зиёда аз дусад ҳазор бастаро ташкил медиҳад.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маросими қабули корвони лавозимоти тиббӣ зикр намуд, ки ин ташаббуси соҳибкор Шамсулло Соҳибов аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муазами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Доир ба ин дар Паёми шодбошиии Роҳбари давлат ба муносибати Рӯзи Ғалаба зикр шуда буд: «Умедворам, ки дар ин кори хайр соҳибкорони бо нангу номуси мо ва дигар шахсони ватандӯсту саховатпеша мисли ҳарвақта пешсафу намуна хоҳанд буд. Муҳимтар аз ҳама, дар ин марҳилаи ҳассос мо бояд дасти якдигарро гирем, кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманду бесаробон ва оилаҳои камбизоатро фаромӯш насозем, баръакс, дар ин шабу рӯзҳо ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем. Ҳамчунин, бояд табибонро, ки имрӯзҳо барои саломатии мардум шабонарӯзӣ заҳмат кашида истодаанд, дастгирӣ кунем».

Ташаббуси инсондӯстона ва ватанпарастонаи соҳибкор дар шароити доман паҳн намудани бемории сироятии коронавирус дар миқёси олам ва эҳтиёҷоти воқеии соҳаи тандурустии вилоят заруру саривақтӣ буда, ин кумакҳо ба ниёзмандон, беморон ва табибон сарф мешавад.

Раиси вилоят аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба соҳибкор Ш. Соҳибов миннатдорӣ баён намуда, изҳори умедворӣ кард, ки дигар соҳибкорони ватани азизамон низ ба чунин иқдомҳои хайрхоҳона ва башардӯстона, ки дар ин давру замон барои ҳар як бемору эҳтиёҷманд муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад, пайравӣ мекунанд.

Корвони мошинҳои ҳомили маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ худи ҳамин рӯз бо роҳбаладии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вилоят сафарбар гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво