4 феврал 2023, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДУШАНБЕ ТАЙЁРИРО БА ЗИМИСТОНИ ОЯНДА АЗ ҲОЛО ШУРУЪ МЕКУНАД.

283
Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти пойтахт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021 қарор ба тасвиб расонданд
5 май қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти пойтахт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021» ба тасвиб расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Қарори мазкур бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қабул карда шудааст.

Рӯстами Эмомалӣ дар ин зимн муовини якум ва муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои пойтахтро вазифадор намудаанд, ки новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, доир ба сари вақт омода намудани фаъолияти мунтазами корхонаю ташкилотҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021, бетаъхир нақшаи чорабиниҳои мушаххасро таҳия ва амалӣ намоянд.

Дар қарор омадааст, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021 ҷиҳати иҷрои саривақтии қарори мазкур ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада дар ноҳияҳо корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе таҳти сарварии раисони ноҳияҳо ва роҳбарони аввали сохторҳо ситодҳои дахлдор таъсис дода шаванд.

Тибқи қарори мазкур, Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» бояд вазифаҳои зеринро иҷро намояд:

— чорабиниҳои санҷишиву омодасозии бинову иншооти таъминоти гуногунро (манзилҳои истиқоматӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар корхонаю ташкилот) дар муҳлатҳои муайянгардида бо пешниҳоди шиносномаи тайёрӣ ба анҷом расонида, ҳамчунин мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда бо истифодабарандагони энергияи гармӣ шартномаҳои дахлдори хизматрасониро ба имзо расонад;

— якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳибмулкони манзили биноҳои бисёрхонагӣ баҳри омода намудани системаҳои гармитаъминкунии дохилибиногии истифодаи умум тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор шудааст, ки бо мақсади омодасозии иншооту воситаҳои технологии истеҳсолу интиқоли оби нӯшокӣ, қабулу тозакунии оби ғализ ва таъмини фаъолияти мунтазаму самараноки онҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021 ҷиҳати ба миқдори меъёрӣ захира намудани маводи безараргардонӣ ва обсофкунӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии шаҳрӣ, тадбирҳои зарурӣ андешад.

Раиси шаҳри Душанбе бо ин қарор Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус — 1», «Автобус — 2», «Автобус — 3», «Троллейбус» ва Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-ро вазифадор намудаанд, ки нақшаи чорабинҳои омодагиро барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 то 1 июни соли 2020 таҳия ва тасдиқ намоянд.

«Ҷаласаҳои сайёри ситоди шаҳрӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор бо иштироки бевоситаи роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявии марбута гузаронида шаванд, — тазаккур дода шудааст дар қарор ва таъкид гардидааст, ки сардори ситод дар ҳолатҳои зарурӣ роҳбарони корхонаю идораҳо, муассисаҳо ва намояндагони дахлдори мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро барои баррасии масъалаҳои корӣ ба ҷаласаҳо даъват намояд».

Инчунин тибқи ин қарор раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомот, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият дар мувофиқа бо муовинони Раиси шаҳри Душанбе — сарпарастони соҳаҳо аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо то санаи 5-уми ҳар моҳ маълумоти муфассал ба унвонии Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки на дертар аз санаи 10-уми ҳар моҳ оид ба иҷрои муқаррароти қарори мазкур ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати зарурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо роҳбарияти мақомот ахборот манзур намояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво