Ҳамраъйии кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар мубориза бар зидди коронавирус
400
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши якрӯзаи худро ба суратҳисоби махсуси фонди мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус гузаронданд. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, бо пайравӣ аз иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни давлатии системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши якрӯзаи худро дар моҳи май ба суратҳисоби махсуси фонди мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус, ки барои чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, интиқол доданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |