26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе беморхонаҳои муваққатӣ бо беш аз се ҳазор кати хоб таъсис дода мешаванд

341
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 30 беморхона бо 5284 (панҷ ҳазору дусаду ҳаштоду чор) кати хоб ва беш аз 5390 (панҷ ҳазору сесаду навад) нафар табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ ба эҳтиёҷмандон хизмат мерасонанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо назардошти вазъияти баамаломада Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Раёсати тандурустӣ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрдориро вазифадор намуданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ҳисоби имконияту захираҳои мавҷуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба таври иловагӣ беморхонаҳои муваққатии табобатиро бо беш аз 3000 (се ҳазор) кати хоб ҷиҳати муолиҷаи беморони гирифтори вируси сироятии короновирус-COVID-19 бо муҳайё кардани тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти дорувории баландсифат барои истифода омода намоянд.

Назорати иҷрои дастури мазкурро Раиси шаҳр шахсан ба зиммаи худ гирифта, аз рафти корҳо дидан мекунанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво