29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Новобаста ба пандемия истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

354
Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли равон ба маблағи 566,9 миллион сомонӣ масолеҳ истеҳсол кардаанд, ки ин омор дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69,7 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 8,4 фоизро ташкил дод. Соли равон дар ҷумҳурӣ беш аз 977 ҳазор тонна семент, зиёда аз 10 миллион дона хишт, 10,3 ҳазор метри мукааб газоблок, 312,8 ҳазор метри мукааб масолеҳи ғайримаъданӣ, 86,9 ҳазор дона гаҷкартон ва зиёда аз 217 ҳазор дона шифер истеҳсол гардидааст. Ҳамзамон дар ин давра аз Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи беш аз 13 миллион доллар семент содирот гардида, аз хориҷа ба Тоҷикистон ба маблғи 3,4 миллион доллар кошӣ, 2,1 милион доллар шиша ва қариб 1 миллион доллар гаҷкартон ворид карда шудааст. Дар маҷмӯъ ҳаҷми содироти масолеҳи сохтмонӣ 13,8 миллион доллар ва воридот 10,2 миллион долларро ташкил медиҳад, ки содирот 3,6 миллион доллар зиёд мебошад.

Дастовардҳои корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонии мамлакат дар партави татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -саноатикунонии босуръати мамлакат ба даст омадаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво