3 декабр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иқдоми наҷиб дар Исфара: Соҳибкор Икромиддин Шарипов 1,2 км роҳи маҳаллиро мумфарш менамояд

637
Иқдоми наҷиб дар Исфара: Соҳибкор Икромиддин Шарипов 1,2 км роҳи маҳаллиро мумфарш менамояд
Сокини шаҳри Исфара, соҳибкори маҳаллӣ Икромиддин Шарипов тасмим гирифт, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 км роҳи кӯчаҳои Додохон Шарипов ва Садриддин Айниро ба маблағи 750 ҳазор сомонӣ мумфарш намояд. Дар расми мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ дар шаҳри Исфара Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раиси вилоят зимни иштирок дар оғози корҳои мумфаршкунӣ бо ёдоварӣ аз густариши бунёдкорию созандагӣ дар вилоят саҳми соҳибкоронро дар ободонии маҳал назаррас арзёбӣ кард.

“Ташаббуси соҳибкороне, чун Икромиддин Шарипов шоистаи пайравӣ аст ва ҳар фарди ватандӯст бояд ба қадри имкон дар ободонии як гӯшаи диёр саҳм гузорад,-гуфт раиси вилоят.

Ёдовар бояд шуд, ки корҳои мумфаршкунӣ аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳри Исфара анҷом дода мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво