25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони Қасри фарҳанг дар шаҳри Бохтар шинос шуд

338
Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон 22 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҷараёни сохтмони Қасри фарҳанг ва маркази иттилоотӣ, воқеъ дар кӯчаи ба номи Борбади шаҳри Бохтар дидан намуданд. Бинои ин Қасри фарҳанг аз 3 ошёна иборат буда, бо шаклу усули мусоири меъморӣ бунёд гардида истодааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлилию иттилоотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Фармоишгари бунёди бинои мазкур Идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар буда, толори қаср бо истифода аз санъати қадимаи гаҷкорӣ оро ёфтааст. Қасри фарҳанг дорои толор бо 600 ҷойи нишаст буда, бо муосиртарин шароит барои гузаронидани маҳфилу ҷамъомадҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва тамрини дастаҳои ҳунарӣ таъмин хоҳад шуд. Ҳамчунин дар дохили Қасри фарҳанг ҳуҷраҳои алоҳидаи либосивазкунӣ, пардозгарӣ барои ҳунармандон, ҳуҷраҳои корӣ барои маъмурият ва маркази иттилоотӣ бунёд гардидаанд.

Масоҳати умумии бино 4663,32 метри мураббаъро ташкил намуда, сохтмон аз тарафи ҶДММ «Амонат-техсервис», «Собир-Сам» ва «Лоиҳа ва сохтмон» ба роҳ монда шудааст. Арзиши нақшавии бино беш аз 17 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Сарвазир Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки бунёди Қасри фарҳанг дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ба сокинони шаҳр, бахусус ҷавонон, дар роҳи шинохти асолати миллӣ, омӯзиш ва тарғиби фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳифзу эҳтироми истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми Ватан ва сулҳу суботи ҷомеа хизмат хоҳад кард.

Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ бо таҷрибаи истифодаи заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон ба маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар рафтанд. Аҳолии маҳаллаи Ғайрат 5000 нафар шумурда шуда, ҳамасола аз ин маҳалла зиёда аз 1000 тонна сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг ва дигар сабзавот барои таъмини аҳолии шаҳру вилоят ва берун аз он ба фурӯш бароварда мешаванд.

Сарвазири мамлакат ба истифодаи мақсадноку оқилонаи замин ва гирифтани ҳосили дилхоҳи маҳсулоти барвақтӣ баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати рушди соҳаи афзалиятнок, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти барвақтӣ, бахусус помидор дастур дод.

Пасон, Сарвазир ва раиси вилоят аз рафти парвариши сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаи хоҷагии деҳқонии “Беҳбудӣ”-и Ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод”-и ноҳияи Кӯшониён боздид ба амал оварданд. Хоҷагии деҳқонии “Беҳбудӣ” дар майдони 1,0 гектар боғ, 0,6 гектар қулфинай, 0,1 гектар лимӯ, 0,1 гектар гармхонаи доимоамалкунанда ва дар майдони 10,0 гектар кишти чигит ба роҳ мондааст. Гузашта аз ин, хоҷагии мазкур дорои сехи коркарди мева ва мевахушккунӣ мебошад.

Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки дар маҷмӯъ хоҷагидорони шаҳри Бохтар дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ дастовардҳои назарраси меҳнатӣ дошта, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолона саҳмгузоранд.

Боздид аз як зумра иншооти бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёдшаванда ва вазъи кишту кори баҳорӣ дар ноҳияи Вахш дар идомаи барномаи сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода қарор дошт.

Сарвазир ва раиси вилояти Хатлон имрӯз аз дарвозаи марказии ноҳияи Вахш, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бунёд гардида истодааст, дидан намуданд. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии ноҳия, пудратчии он соҳибкор Ҳусейн Ашӯров мебошад.

Пасон, Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода аз хоҷагии гулпарварии Сайпочо Ҷононова дидан намуданд. Хоҷагии мазкур дар масоҳати 0,3 гектар ташкил карда шуда, дорои 7 гармхона мебошад. Дар як гармхона қулфинай, дар 6 адади дигараш гулпарварон зиёда аз 20 намуд гулҳои мавсимӣ ва хонагӣ ба миқдори 200 ҳазор адад парвариш намуда истодаанд. Айни ҳол бунёди боз 2 гармхонаи дигар идома дорад.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахш Сарвазир ва раиси вилоят бо ҷараёни навсозии маркази савдои “Баҳор” ва сохтмони майдони Парчам дар маркази шаҳраки Вахш шинос шуданд.

Қоҳир Расулзода ба масъулин дастур дод, ки дар баробари анҷом додани сохтмони Парчам дар атрофи ин муқаддасоти миллӣ гулу буттаҳои ороишӣ шинонида, атрофи иншоот чароғон ва ободу зебо карда шавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво