29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба 150 нафар ниёзмандони шаҳри Душанбе маводи мавриди ниёзи аввал кумак расонида шуд

359
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамдастӣ бо вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба 150 нафар ниёзмандон, маъюбон, беморон ва оилаҳои камбизоати маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ ва Шоҳмансур-1-и пойтахт маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва ғайра кумак расониданд.

Тавре аз КИ ҲХДТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, пеш аз тақсими кумак раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов бо сокинони маҳаллаи Шоҳмансур-1 вохӯрӣ доир намуданд.

Иброҳим Мирзозода зимни суҳбат ба сокинон оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати нишон додани масъулияти баландӣ шаҳрвандӣ оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус, ки имрӯз вазъияти бе ин ҳам печидаи ҷаҳонро мураккабтар сохтааст, ибрози андеша намуд.

«Вобаста ба вазъи баамаломада ба шахсони аз 65-сола боло тавсия дода мешавад, ки як вақти муайян бидуни зарурат аз хона дур нараванд, ҳамроҳи аҳли оилаи худ бошанд ва онҳоро сарварӣ кунанд»,-ин таъкиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шуд номбурда.

Иброҳим Мирзозода таъкиди дигари Президенти мамлакатро оид ба ин масъала ба сокинон расонид: «Мо қариб чор моҳро паси сар кардем ва бояд бо сабру таҳаммул моҳҳои апрелу майро низ тинҷу ором гузаронем. Фаромӯш набояд кард, ки агар мо ба тарсу ҳарос ва воҳимаю таҳлука афтода, кор накунем, вазъияти худамонро боз ҳам вазнин мекунем ва талафоту зиёни чунин кор аз хисороти бемории коронавирус бештар хоҳад шуд. Яъне зарари тарсу воҳима аз ҳар ҷиҳат аз худи беморӣ зиёдтар шуда, боиси ба вуҷуд омадани қаҳтиву қиматӣ ва наҳсӣ мегардад. Ба ҷойи воҳимаю таҳлука мо бояд боэҳтиёт бошем ва ба масъалаи тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ муносибат намоем».

Сипас Зулфиқор Гулаҳмадзода оид ба тадбирҳои беҳдоштӣ бобати пешгирӣ аз сирояти нави COVID-19 ибрози андеша намуда, дар ин маврид аз суханронии Сарвари давлат иқтибос овард: «Моро зарур аст, ки мувофиқи дастуру тавсияҳои мутахассисон амал намоем, ба тозагии манзили истиқоматӣ, яъне хонаву дари худ, маҳалли зист, риояи тарзи ҳаёти солим, қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддисироятӣ эътибори фавқулода диҳем ва бо ҳамин роҳ ҳам худамон ва ҳам дигаронро аз ин хатар эмин дорем. Таъкид месозам, ки саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст».

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов доир ба иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманди пойтахт ибрози назар намуда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки талаботи шаҳрнишиниро риоя намуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани пойтахт, ки аз озодагии манзили зисти ҳар яки онҳо сар мешавад, саҳм гузоранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво