Соҳибкори маҳаллӣ Ҷумъахон Қиматов дар Чилдухтарон меҳмонхонаи замонавии панҷситора месозад
407
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷумъахон Қиматов дар оғӯши кӯҳҳои осмонбӯси Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод сохтмони меҳмонхонаи замонавии панҷситора идома дорад. Айни замон корҳо дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино бомаром ҷараён дошта, он аз 6-ошёна иборат буда, дорои ошхона, айвони суҳбатороӣ, қабулгоҳ, толори барҳаво барои истироҳати бофароғати меҳмонон мебошад. Дар атрофи он боғи хуштарҳу зебои замонавӣ бунёд шуда истодааст. Дар иншооти мазкур 24 устои ботаҷриба ба корҳои сохтмонӣ ҷалб шудаанд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод хабар доданд, ҳамчунин дар мавзеи зикршуда сохтмони роҳи пурпечутоби кӯҳӣ ба масофаи 12 км, ки мавзеи Чилдухтаронро ба деҳшӯрои Шугнови ноҳияи Ховалинг мепайвандад, оғоз гардидааст. Соҳибкор Ҷумъахон Қиматов ҳамчунин дар канори роҳи мошингарди Кӯлчашма-Ғеши ноҳияи мазкур ду корхонаи коркарди мева бунёд менамояд. Ёдовар мешавем, ки айни замон дар ноҳияи Муъминобод ба ифтихори ҷашни таърихӣ бунёди беш аз 60 иншооти фарҳангӣ, маишӣ, хизматрасонӣ идома дорад. Муъминобод ноҳияи кӯҳсор буда, дар қисми ғарбии қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ, ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ва шарқи вилояти Хатлон воқеъ аст. Қаторкӯҳҳои зебои Чилдухтарон-ин мавзеи афсонавию таърихии овозадор маҳз дар ноҳияи Муъминобод ҷойгиранд. Ҳамчунин дараҳои Маҳмуд, Мулло, Рисқидара, Лангар, Шуғноншаҳр, Хоҷаи Нур, Биби Навро, Биби Савро, Чӯбек, Кӯл, Сайёд, Чаргиҳо, Чаргикалон, Душанбе, Аъроб, Ларсой, Дошманд диққатрабою тамошобоб буда, барои сайёҳии кӯҳгардӣ мувофиқанд. Доир ба «Чилдухтарон» дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти зиёд мавҷуд буда, сол то сол рафту омади сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин мавзеъ афзоиш меёбад. Сайёҳоне, ки ҳамасола аз ин мавзеъ дидан мекунанд, аз табиати дилфиреб ва ҳунармандии сокинони ноҳия завқ мебаранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорон барои муҳайё намудани шароит баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ роҳро то мавзеи Чилдухтарон сангфарш карда, дар ин ҷо пул бунёд намудааст. Хотиррасон мешавем, ки дар домани қаторкӯҳҳои Чилдухтарон дашти Паҳндара ҷойгир аст, ки дар он ҷо солҳои 80-уми қарни ХХ яке аз қисмҳои филми бадеии «Рустам ва Сӯҳроб» (аз рӯи асари безаволи Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома») ба навор гирифта шудааст. Мардум ҷойи набарди падару писарро санг чида, ба он «Қабри Сӯҳроб» ном ниҳодаанд. Ҳамасола ба зиёрати он садҳо нафар сайёҳони дохилу хориҷӣ меоянд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |