25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Оқибатҳои садамаи бинои истиқоматии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бартараф гардиданд

318
Шоми 17 апрел ба навбатдори фаврии қисми навбатдории Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки плитаи оҳану бетонии боми зинапояи ошёнаи панҷуми бинои 7 М4, кӯчаи Испечак 1, воқеъ дар пушти тарабхонаи Шаҳриёр фурӯ рехтааст.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, 26 нафар наҷотдиҳандагони Маркази таъйиноти махсуси кофтуковию наҷоти Кумита ва Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ба корҳои эвакуатсионӣ шурӯъ намуданд.

Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино- 2 дар ҷойи ҳодиса навбатдории шабонарузӣ ташкил намуда, корҳои бартарафсозӣ ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон ба рӯзи дигар мавқуф гузошта шуданд.

18 апрел наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе ва кормандони Раёсати хадамоти таъйиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷоти Кумита ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, бетонҳои шикастаро бардошта, биноро ба ҳолати бехатар баргардониданд.

«Сокинон ба маҳалли истиқомати худ баргаштанд»,- афзуд манбаъ.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво