29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Сайёҳон аксаран маҳз барои тамошои чунин маконҳои хотирмон ба Тоҷикистон меоянд

631
ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Сайёҳон аксаран маҳз барои тамошои чунин маконҳои хотирмон ба Тоҷикистон меоянд
Аз соли 1984 инҷониб бо қарори ЮНЕСКО ҳамасола бо мақсади ҷалби ҷомеаи ҷаҳон барои ҳифзи мероси умумибашарии фарҳангӣ 18 апрел Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ таҷлил мешавад.

Доир ба ҳифзи ёдргориҳои таърихию фарҳангӣ ва аҳамияти онҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ бо Сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, номзади илмҳои таърих, аъзои Шӯрои таҳлилгарони мероси ғайриманқули ИДМ Шералӣ ХОҶАЕВ ҳамсуҳбат гардид.

— Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3000 адад ёдгориҳои меросии таърихию фарҳангӣ, 6 адад муассисаҳои давлатии муҷтамаъ ва мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, миқдори зиёди осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, хонамузейҳо, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, инчунин дигар ёдгориҳои алоҳидаи меъморӣ ва таърихию бостоншиносӣ мавҷуд мебошанд, — гуфт Шералӣ Хоҷаев. — Намунаи боқимондаҳои иншооти мероси бостонӣ ва фарҳангӣ, дар мисоли маданияти шаҳрсозии Саразми бостонӣ, Ҳисор, Хуҷанд, шаҳраки эллинистии Тахти Сангин, Ҳулбук, Панҷакент, Бунҷикат, Ҳалевард, дайри несториании Айваҷ, қалъаи Ямчун, дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва ғайраҳо тавассути санъати волои меъморӣ, нигоришоти музайян, ороиши бадеии намои онҳо бо санг, гил ва хишт дар шакли кунгура, равоқ, тоқ, панҷара ва дохили онҳо бо гачкорию девормусаввирӣ ва кандакорӣ мероси гаронбаҳои ниёгон ба наслҳои имрӯза ба шумор мераванд. Бояд зикр кард, ки сайёҳон маҳз барои тамошои ёдгориҳои меросии таърихию фарҳангӣ ба Тоҷикистон меоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 Қонун «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо», соли 2006 Қонун «Дар бораи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ» ба тасвиб расиданд. Санадҳои мазкур дар асоси конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳифз, омӯзиш ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ таҳия гашта, масъалаҳои истифодаи дурусти онҳоро муайян мекунанд. Саҳми миллати тоҷик бо арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва фарзандони шоистаи хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ басо назаррас мебошад.

Ибтикори дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар тафаккури мардум ва рӯзгорамон инқилоби воқеӣ ба амал овард ва дар ин самт фаъолияти хеле густурда ва назаррас анҷом ёфта истодааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эҳё ва ба наслҳои оянда боқӣ мондани ёдгориҳои мероси ғайримоддии миллати тоҷик ва истифодаи васеи туризми фарҳангӣ бемайлон кор бурда, дар ин самт дар ҳамкории зич бо дигар мақомоту ташкилотҳо барои гузаронидани тамоми чорабиниҳо вобаста ба рушди сайёҳӣ фаъолона иштирок меварзад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли 2018 дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат иброз доштанд, «таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни мамлакат мебошад».

Ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи муҳими давлатӣ ва қарзи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Вазорати фарҳанг мақоми ваколатдор дар самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар мамлакат буда, шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии он ҳифзу нигоҳдошт, истифода, тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангиро назорат менамояд.

Тавре ба ҷаҳониён исбот гаштааст, Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои калидии Шоҳроҳи бузурги абрешим дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад ва ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддии нотакрори халқи тоҷик дар ин ҷода мавқеи устувор доранд.

Аз ҷониби кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат» омода гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 феҳристи мазкур бо номнависии 3416 адад ёдгориҳои ғайриманқул ба тавсиб расид. Аз ин теъдоди ёдгориҳо 70% он ёдгориҳои бостонӣ ва боқимонда ёдгориҳои меъморӣ ва монументалӣ мебошанд.

Ба ёдгориҳои таъриху фарҳанг инҳо дохил мешаванд:

иншооти сохтмонӣ — мавзеъҳо ва иншооти сохтмонии дорои арзиши таърихӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва маишӣ ва ғайраҳо, мисли мақбараи Сомониён, ки дар маркази нахустин пойтахти давлати тоҷикон – шаҳри Бухоро воқеъ аст;

ёдгориҳои динӣ — масҷидҳо, мадрасаҳо, оромгоҳҳо, ибодатгоҳҳо, мазорҳо, мақбараҳо, манораҳо ва ғайраҳо, мисли оромгоҳҳои Хоҷа Дурбад ва Хоҷа Ҳаллоҷӣ дар Шаҳритус ва ё оромгоҳ- Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритус, маҷмааи ду оромгоҳи Хоҷа Нақшрон дар ноҳияи Турсунзода ва дигарҳо;

истиқоматгоҳҳои қадима — мавзеъҳое, ки тамаддуни ҷамъияти инсониро (аз пайдоиш то имрӯз) таҷассум менамоянд, мисли шаҳркадаи Саразм дар ноҳияи Панҷакент, Димнаи (Қасри ҳокимони Ҳулбук) дар ноҳияи Восеъ ва дигарҳо;

асарҳои санъати монументалӣ— муҷассамаҳо ва пайкараву нимпайкараҳо, мисли Буддо дар ҳолати нирванае, ки дар Аҷинатеппа бозёфт шудааст;

объектҳои мероси бостонӣ — харобаи шаҳрҳо – Шаҳракаи Панҷакенти қадим, истеҳкомҳои бостонӣ, боқимондаи иншооти гидротехникии қадимӣ, роҳҳо, устохонаҳо, қабрҳои қадима, тасвиру навиштаҷоти рӯи санг ва харсангҳо (петроглифҳо) – Ғори Шахта, манораҳо – манораҳои саргаҳи Зарафшон, қалъаҳо – Қалъаи Хуҷанд, Қалаи Хуҷанд, кӯшкҳо, харобаҳо, маҷмааҳои меъморӣ Маҷмааи меъмории Хазрати Шоҳ, Маҷмааи таърихӣ – мемории Шайх Муслиҳиддин ва ғайраҳо. Бозёфтҳои ашёи ороиши кандакорӣ (порчаҳои гаҷкорӣ, ки ҳар гуна нақшҳои барҷастаи ҳайвоноти афсонавии одамшакл, нақшу нигорҳои ҳандасагӣ, наботот ва ғайра доранд;

бозёфтҳои бостонӣ — тангаҳо, лавозимоти рӯзғор, лавозимоти (олоти меҳнат), сарулибос ва ғайраҳо, мисли Хазинаи Аму дарё.

Яке аз воситаҳои дигари ҳифозати осори гузаштаи ниёгон- ин таъсиси мамнуъгоҳҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Аз рӯи таҳлилҳо, ҷиҳати фаъолнокии сайёҳӣ мамнуъгоҳҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Маҳз ҳамин объектҳо ва ҳудудҳои ба онҳо наздик дар бисёр мавридҳо барои сайёҳон ҷойҳои тамошобоби таърихию фарҳангӣ ва табиӣ, ки дар онҳо урфу одат ва анъанаҳои миллӣ нигоҳдорӣ шудаанд, мегарданд. Нигоҳдорӣ ва муҳофизати объектҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ бо мақсади рушди туризми ҷаҳонӣ ҳоло яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти давлатии нигоҳдории мероси таърихию фарҳангӣ ва табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бояд тазаккур дод, ки дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои мансуб ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ бамаротиб афзоиш ёфта, таваҷҷуҳ ба мероси моддии ниёгон ва худшиносии миллӣ тадриҷан афзун гардидааст.

Ҳамчунин шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти давлатҳои Конвенсияи Гаагаро эътироф намуда, соли 1954 ва моҳи ноябри соли 1993 яке аз аввалинҳо шуда, дар ҳудуди Осиёи Миёна Тоҷикистон ба ЮНЕСКО аъзо гардид, ки ин нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо дар минтақа, балки ҷаҳон хеле баланд намуд.
ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Сайёҳон аксаран маҳз барои тамошои чунин маконҳои хотирмон ба Тоҷикистон меоянд


Ба ҷаҳониён маълум гардидааст, ки шаҳрҳои бостонии Саразм, Ҳисор, Кӯлоб, Хуҷанд, ёдгориҳои меъмории Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Муҳаммад Башоро, Мақбараи Хоҷа Нақшрон, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, бозёфти қадимтарин навиштаҷоти ирфонӣ бо забони ноби тоҷикӣ ва катибаҳои «Қуръони Карим» бо хати куфии шукуфо, инчунин девормусаввараҳо, гаҷкориҳо бо тасвирҳои набототӣ, ҳандасӣ ва зооморфӣ аз шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, девормусаввараҳои Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, Қалъаи Ямчун, Маъбади Зонг, ёдгории меъмории Карон, бозёфти «Хазинаи Амударё» аз ҳудуди шаҳраки эллинистии Тахти Сангин ва ғайраҳо қатрае аз баҳри сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошанд, ки ҳамчун мероси нодири фарҳанги ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.

Давоми соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ зиёда аз 90 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ тармиму барқарорсозӣ ва эҳё гардидаанд. Корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» амалӣ карда мешаванд. Мақсади асосии барнома ба низом даровардан, ҳифзу нигаҳдошт, тармиму барқарорнамоӣ, истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангии мамлакат баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум ва дастраси ҷаҳони муосир гардонидани сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик ба шумор меравад.

Эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии кормандони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг ба ҳисоб меравад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво