20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар озмуни гулҳо — «Сайри гули лола» шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоиза гардид

414
Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни гулҳо — «Сайри гули лола» дар ҷумҳурӣ барпо гардид. Шоҳҷаизаи асосӣ ва ҷой аввал ба шаҳри Душанбе ва ҷойи дуюм ба вилояти Хатлону Суғд сазовор дониста шуд.

Ҳамчунин аз рӯйи номинатсияҳои «Гулпарвари беҳтарин», «Гулгашту хиёбони беҳтарин», «Боғи фарҳангиву фароғатии беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» «Ноҳияи беҳтарин» ва дигар бахшҳо ғолибон муайян гардида, бо туҳфа ва сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Дар маросим роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба баргузор намудани озмуни мазкур Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, намояндагони тамоми вазорату идораҳо, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва гулпарварони ҷумҳурӣ иштирок намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво