29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист

495
Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист
Дирӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо дар бораи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2019-2020 бо мақсади иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ҷиҳати ташаккули фазои оштинопазирӣ бо коррупсия ва тақвият бахшидан ба раванди муқовимат ба коррупсия, инчунин иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар бораи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2019-2020 вохӯрии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираи васеи кормандони дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва кормандони корхонаҳои фаръии КВД „Лоиҳакаш“ дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур сарнозирони Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Абдукарим ва Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар суханронии ифтитоҳии худ муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноз Раҳматуллозода гуфт, ки дар доираи салоҳият Кумита роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи он, интизоми иҷроия, шаффофият ва истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетиро таъмин намуда ҷиҳати пешгирӣ, бартарафсозӣ, роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ ва татбиқи иҷрои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Мавриди зикр аст, ки барои фаъолият ва нигоҳдории Кумита, банақшагирии моддаҳои гуруҳбандии иқтисодии буҷетӣ барои ҳар сол дар асоси рақамҳои назоратӣ ва ҳисоботҳои пешакии хароҷотҳо амалӣ шуда, дар ин замина сметаи хароҷотии дастгоҳи марказии Кумита, корҳои тадқиқотию ҷустуҷӯӣ ва илмӣ барои ҳар соли молиявӣ алоҳида таҳия гардида, барои тасдиқ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки маблағҳои ҷудогардида барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Кумита, аз ҷумла номгӯи таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ, нақшаҳои генералӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд.
Баҳри пешгирӣ намудан аз хароҷотҳои ғайриқонунӣ, вобаста ба хариди арзишҳои молию моддӣ, маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ оид ба мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар хароҷоти дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» бо тариқи озмун дар ҳамбастагӣ бо Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида шудаанд.
Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист
Тибқи талаботи банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30 августи соли 2013 таҳти №1504 ва бо мақсади таъмини иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, инчунин таъмини назорати дурусти истифодаи маблағҳои буҷетӣ бо фармоиши раиси Кумита аз 12 августи соли 2016 таҳти №54/ф Комиссия оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия таъсис дода шудааст.
Ш.Раҳматуллозода зикр намуд, ки фаъолият дар бораи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ мунтазам мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудани норасоӣ ва мухолифатҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 таҳти №172 «Дар бораи тасдиқи низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Мутобиқи банди 60 нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ шудааст дар Кумита бо мақсади баланд бардоштани обрӯю эътибори хизмати давлатӣ дар ҷомеа, мустаҳкам намудани боварии мардум, пешгирӣ ва роҳ надодан ба зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ, таъмини аз тарафи кормандони соҳаҳои Кумита софдилона иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ ва вазифавии онҳо Кодекси касбии соҳавии хизматчиёни давлатии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2017, №29/ф ва Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2018, №28/ф қабул ва таъсис дода шудааст.
Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист
Бояд қайд кард, ки аз ҷониби Кумита ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ҷиҳати ташаккули фазои оштинопазирӣ бо коррупсия ва тақвият бахшидан ба раванди муқовимат ба коррупсия барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ барои солҳои 2016-2020 аз 19 январи соли 2016, №4/ф ва нақшаи чорабиниҳо дар бораи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2019-2020 аз 16 январи соли 2019, №7/ф қабул карда шудааст.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2019 4 (чор) нафар кормандони сохторҳои зертобеи Кумита дар 8 (ҳашт) ҳолат ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро содир намуданд, ки ин ҳам бошад - 1 нафар корманди дастгоҳи марказӣ, 1 нафар корманди Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ ва 2 нафар кормандони корхонаҳои фаръии КВД „Лоиҳакаш“ дар ноҳияҳои Данғара ва Деваштич мебошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии даст задан ба ҷиноятҳои коррупсионӣ аз тарафи кормандони корхонаҳои фаръии корхонаи воҳиди давлатии „Лоиҳакаш“ риоя накардани қонунгузорӣ мавриди ҷудо намудани қитъаҳои замин ва ба таври дахлдор иҷро накардани вазифа ва уҳдадориҳои хизматӣ мебошад.
Новобаста аз ин, Кумита фаъолияти мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳоро зери назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати пешгирӣ, бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар соҳаи шаҳрсозӣ ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ҳамзамон тибқи нақшаи чорабиниҳо моҳи феврали соли 2020 вохӯрии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираи васеъи кормандони Кумита оид ба шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сиёсати давлатии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» гузаронида шуд.
Ба ҳар як корманди дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ китобчаи «Мо бар зидди коррупсия дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон», ки аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо теъдоди 570 адад чоп карда шуда, тақсим карда шуд. Илова бар ин, 300 адад китобча чоп карда шуда, ба корхонаҳо ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ тақсим карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳои судманд бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол таҳким меёбанд ва Кумита баҳри татбиқи Сиёсати давлатии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист
Дар баромади худ сарнозири Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод қайд нмуд, ки коррупсия рушди умумии миллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад.
Ў ҳамчунин иброз дошт, ки дар паёмҳои ҳарсолаашон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муборизаи ҳамагониро бар зидди аммалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид карда, решакан намудани ин марази ҷомеаро қарзи шаҳрвандӣ медонад. Мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки баҳри мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби рӯз дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузоранд.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар сатҳи баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сиёсати давлатии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ҷиҳати татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия ва омилҳои ба он мусоидакунанда, таъмини иштироки кормандон дар мубориза бо коррупсия тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Д.Нурзода,
“РБ”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво