25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Куруш» — чунин номгузорӣ шуд кинотеатри замонавии «Тоҷикфилм»

385

Кинотеатри замонавӣ дар назди Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба ифтихори шоҳаншоҳи ориётабор «Куруш» номгузорӣ шуд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён зимни ҷаласаи ҷамъбасти семоҳа иброз намуд, ки кинотеатр то оғози Кинофестивали байналмилалии «Душанбе» ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мубрам оид ба кинои ватанӣ, назорат ва паҳнкунии маводи аудиовизуалӣ баррасӣ гардиданд.

Тавре қаблан хабар дода будем, «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст, ки дар заминаи толори якуми муассиса кинотеатри замонавӣ таъсис диҳад.

Ба гуфти М. Шоҳиён, таъсиси кинотеатр дар «Тоҷикфилм» ниҳоят муҳим мебошад. Зеро барои баргузории фестивалҳои синамоӣ ва ҳафтаи филмҳои мамлакатҳои ба мо дӯст доштани кинотеатри замонавӣ ба манфиати кор аст.

Кинотеатри замонавӣ бо назардошти беш аз 200 ҷойи нишаст сохта шуда, дар он насби таҷҳизоти садоии 5Х1 ва экрани васеъ, курсиҳои бароҳат бо шароити зарурӣ ва мувофиқ ба талаботи замон дар назар аст.

Дар шаҳри Душанбе кинотеатрҳои замонавӣ ангуштшумор мебошанд. Аз ин рӯ ин иқдоми «Тоҷикфилм» ба манфиати муассиса ва ҷомеа мебошад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво