20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия беш аз 18 ҳазор нафар гардид

337
Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 2558 нафар зиёд шуда, 18 328 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди беморони шифоёфта ва фавтида низ дар ин давлат зиёд шуда, мутаносибан ба 1470 ва 148 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Украина 3102 ҳолат, Беларус – 2578, Молдова – 1662, Озарбойҷон – 1098, Арманистон – 1039, Қазоқистон – 973, Ӯзбекистон – 896 ва Қирғизистон 419 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид.

Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 1470 нафар, Озарбойҷон – 250, Арманистон – 211, Беларус – 203, Молдова – 107, Қазоқистон – 111, Украина — 97, Қирғизистон – 67 ва Ӯзбекистон – 66 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Дар баробари ин, дар Россия 148 ҳолат, Украина – 93, Молдова – 33, Беларус – 26, Арманистон – 14, Озарбойҷон – 11, Қазоқистон – 11, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон 4 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус бетағйир боқӣ монда, 607 нафарро ташкил медиҳад, ки 32 нафари онҳо шифо ёфта, 19 тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 856 ҳазору 800 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 114 ҳазору 312 нафар вафот карда, 428 ҳазору 275 кас шифо ёфтаанд ва 50 ҳазору 852 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (560 433 нафар), Испания (166 831), Италия (156 363), Франсия (132 591), Германия (127 854), Британияи Кабир (84 279), Чин (82 160), Эрон (71 686), Туркия (56 956 ) ва Белгия (29 647) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар дар Чин — 77 663 нафар, Германия – 64 300, Испания – 62 391, Эрон – 43 894, Италия – 34 211, ИМА – 32 634, Франсия – 27 186, Швейтария – 12 700, Кореяи Ҷанубӣ – 7 447 ва Канада – 7 172 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (22 115 нафар), Италия (19 899), Испания (17 209), Франсия (14 393), Британия Кабир (10 612), Эрон (4 474), Белгия (3 600), Чин (3 341), Германия (3 022) ва Нидерланд (2 737) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки СУТ имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво