20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«НАЗОФАТ* БЕҲТАРИН ВОСИТАИ ПЕШГИРИИ ҲАМА ГУНА ОФАТҲОСТ». Андешаҳои Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода оид ба аҳамияти тоза гаштану тоза нигоҳ доштани манзили худ ва муҳити атроф дар айёми пандемияи коронавирус

416
Имрӯзҳо тамоми башариятро, новобаста аз қавму нажод, сатҳи зист ва тараққиёт, махсусиятҳои ҷуғрофӣ, хулоса бидуни фарқиятҳо хурӯҷи бесобиқаи коронавируси нави COVID -19 ба ташвиш овардааст. Ин беморӣ барқвор аз як кас ба каси дигар, аз як макон ба макони дигар, аз як қитъа ба қитъаи дигар мегузарад. Ҳарчанд дар Тоҷикистон то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ бо ин вирус ба қайд гирифта нашудааст, вале мо низ бояд бепарво набошем. Дар чунин шароит мо чӣ бояд кунем, тарзи рӯзгори худро чи тавр ба роҳ монем, аз кадом расму одатҳо бояд парҳез намоем? Ба ин ва дигар суолҳо Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам АДУҚОДИРЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин изҳори андеша намуд:

-Тавре медонем, ин беморӣ аз музофоти Ухани давлати Чин, гӯё аз истеъмоли кӯршабпарак ибтидо гирифта, дар 90 фоизи кишварҳои ҷаҳон, қитъаҳои Аврупову Амрико ва ҳатто дар Африқо, ки гармтарин макони зисти одамизод аст, домани сиёҳашро паҳн кардааст.

Дар як шабонарӯз дар бархе кишварҳо, масалан дар Испания, Италия ва Франсияву Америка беш аз 1000-1500 одам мемирад ва табибон то ҷон дар рамақ доранд, бо ин беморӣ ва барои наҷоти одамон дастбагиребон мешаванд.

Ин даҳшати ногаҳонӣ башариятро ба худ овард, то ки фориғбол набошанд. Зиндагӣ нишон дод, ки ягон кишвар ба хуруҷи ин беморӣ аз нигоҳи тиббӣ, таҷҳизоти он ва аз нигоҳи маънавӣ омода набуд. Дар қарни пешрафтҳои бесобиқаи интеллекти инсонӣ, роботу ақли сунъӣ ва технологияҳои навтарин инсоният пеши як вируси номаълум оҷиз монд. Ваксина ё дармони зиддивирусӣ дар якчанд мамлакатҳо омода шуда истодааст, аммо бино ба гуфти мутахассисон, барои хулосагирӣ то 6 моҳ зарур мешудааст.

Ҳоло Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ чандин тавсияву маслиҳатҳо барои пешгирии ин вирус таъйин кардааст, ки муҳимтарини онҳо риояи назофату покизагӣ, мудом дастҳоро тоза шустан, дурӣ ҷустан аз издиҳоми одамон, ба реҷаи муайяни ғизову тозагии муҳит муроот* кардан аст. Ин тавсияҳо барои мардуми мусалмони тоҷик ва умуман тамоми онҳое, ки ҳамеша покиза мегарданд, як амри зарурӣ ва як одати муқаррарист. Инсоне, ки панҷ вақт намоз мегузорад, табиист, ки ҳамеша худро пок нигоҳ медорад, аммо риояи дигар тавсияҳо, яъне беҳуда аз хона набаромадан, дар ҳолати зарур будани карантин онро риоя кардан бисёр муҳим аст.

Дар дини мубини Ислом назофату покизагӣ ҷойгоҳи арзишманде дорад ва ин дин моро ҳамвора ба сӯи покизагӣ даъват мекунад. Расули Худо (с) дар ин маврид мефармоянд: «Худованди таъоло пок аст ва покиро дӯст медорад, покиза аст ва покизагиро дӯст медорад, кариму бахшанда аст ва караму бахшандагиро дӯст медорад, пас гирдогирди хонаҳоятонро тозаву покиза нигоҳ доред…» (ривояти Тирмизӣ). Бинобар ин, фарди мусалмон ба покиза нигоҳ доштани муҳити худ алоқаи хосса дорад.

Маконе, ки тоза ва покиза бошад, ба сокинон ва касоне, ки ба он ҷо меоянд, ҳисси оромиш мебахшад. Байни покизагии муҳит ва саломатии бошандагони он иртиботи мустақим вуҷуд дорад. Маконе, ки поку озода бошад, аз шаъну мақоми баланди сокинонаш гувоҳӣ медиҳад.

Худованди мутаъол инсонро ба гунае офаридааст, ки тозагӣ ва зебоиро дӯст медорад. Фитрати солими башарӣ ба ҳар чизи тозаву зебо майл дорад ва ба он меосояд. Зебоӣ яке аз сифоте аст, ки Худованд онро дӯст медорад. Пайғамбар (с) дар ҳадисе мефармояд: «Худованд зебо аст ва зебоиро дӯст медорад» (ривояти Муслим).

Бояд дар назар дошт, ки назофат ва покизагӣ нишонаи имон аст. Аз Абӯмолик Ҳорис ибни Осими Ашъарӣ чунин ривоят аст: Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: «Покизагӣ нисфи имон аст» (ривояти Муслим).

Дини мубини Ислом дар мавриди истифодаи дурусти об ва ҳифзу нигаҳдошти он, ки манбаи асосии ҳаёт аст, тавсия ва дастурҳои судманде додааст. Аз ҷумла, дар ҳадисе Пайғамбари Худо (с) мефармоянд: «Чун яке аз шумо аз хобаш бархезад, дасташро дар об наяндозад, то он ки онро се бор бишӯяд, зеро ӯ намедонад, ки дасташ дар куҷо қарор доштааст».

Инчунин дар ҳадиси дигаре он Ҳазрат (с) мефармоянд: «Ҳеҷ яке аз шумо дар оби ҷорӣ пешоб накунад ва дар он аз ҷанобат ғусл насозад». Ин дастуроти Паёмбар (с) баёнгари ин аст, ки дини мубини Ислом ба масъалаи назофат ва покӣ аҳамияти волое қоил аст.

Дар дини мубини Ислом сарфаю сариштакорӣ, аз ҷумла сарфаи об таълим дода, тозаю озода нигоҳ доштану макрӯҳ накардани ҳар қатраи он вазифаи муқаддаси ҳар шахси мусалмон дониста мешавад. Ба гуфтаи Расули Акрам(с): «Об ҳақиқатан ҳам поккунанда ва асоси ҳастист, ки чизе онро наҷис нагардонад». Об на танҳо асоси ҳастӣ, балки мӯҷиби ободӣ, маъхази нуру рӯшноӣ ва манбаи шодиҳои олами ҳастист.

Ҳамон тавре маълум аст, бисёре аз бемориҳои сироятӣ ба сабаби риоя накардани қоидаҳои назофат ба вуҷуд меоянд, дар ҳоле ки дини Ислом чордаҳ аср пеш ин масоилро ҳал намудааст. Худованд дар ояти 222-уми сураи Бақара мефармояд: «Ҳамоно Худованд тавбакунандагон ва покшавандагонро дӯст медорад».

Инчунин дар ояти 108-уми сураи Тавба фармудааст: «Худо покизагонро дӯст дорад».

Қобили зикр аст, ки мавзӯи таҳорат ва покӣ дар 32 ҷои Қуръони карим зикр гардидааст. Дар аҳодиси набавӣ низ истифодаи покию тозагӣ дар ҳама бахшҳои зиндагӣ ба тафсил баён шудаанд. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд: «Мисвок* поккунандаи хубе барои даҳон ва василаи хушнудии Парвардигор аст». (Ривояти Бухорӣ).

Дар мавриди тарзи дуруст нӯшидани об Расули Худо (с) фармудаанд: «Чун яке аз шумо об нӯшидан хоҳад, пас дар он нафас наяндозад» (Ривояти Бухорӣ).

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Пайғамбари Худо (с) фармуд: «Эй мардум, ҳамоно Худо пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул накунад». Покизагӣ аз имон аст ва имон ҳамроҳи соҳибаш дар биҳишт аст.

Инчунин дар ҳадис омадааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Ҳар касе шаб ба хоб равад, дар ҳоле ки дасташ бӯи ғизо дошта бошад, баъдан бар асари он дар дасташ дарде ва хорише пайдо шавад, пас фақат худашро маломат кунад» (ривояти Бухорӣ).

Абӯзар (р) ривоят мекунад, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Аъмоли неку бади умматам бар ман арза карда шуд ва дар миёни амалҳои неки онҳо ҳатто дур кардани озор (партовгоҳҳо, хору хас ва чизҳои бадбӯ) аз сари роҳро ёфтам» (ривояти Муслим, Ибни Моҷа ва Аҳмад).

Таҳорат ва покизагӣ асоси тамоми ибодатҳост. Бинобар ин, намоз ҳам, ки меъроҷи* рӯҳӣ, тулӯъгоҳи маънавӣ ва шоҳсутуни дини муъмин аст, танҳо ва танҳо бо покизагӣ дуруст мегардад. Дар ин маврид Пайғамбари гиромӣ (с) фармудаанд: «Касе, ки сир ё пиёз хӯрда бошад, аз ҷамоати мо дурӣ биҷӯяд» (ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Албатта, ин маънии онро надорад, ки Ислом истеъмоли сир ва пиёзро манъ кардааст. Сухан танҳо аз бӯе меравад, ки баъди х истеъмоли ин ҳарду аз даҳони кас хориҷ мешавад ва атрофиёро нороҳат мекунад.

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Касе, ки аз ин гиёҳ, яъне сир хӯрда бошад, дар масоҷиди мо, назди мо наёяд”. Ровӣ мегӯяд: Барои Ҷобир (р) гуфтам, ки мақсадашон (аз ин гиёҳ) чӣ буд? Гуфт: Фикр намекунам, ки ҷуз (сири) хом ва дар ривояте ҷуз бӯи бади сир чизи дигаре буда бошад.

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Касе, ки сир ё пиёз хӯрдааст, аз мо канорагирӣ намояд” ва ё фармуданд, ки “аз масҷиди мо канора гирифта ва дар хонаи худ бинишинад.” Барои Паёмбари Худо (с) дегеро, ки дар он сабзиҷоте пухта шуда буд, оварданд, чун бӯяшро эҳсос намуданд, пурсиданд: «Дар дег чист?» Ва чун аз мӯҳтавиёти он барояшон хабар доданд, ба шахсе, ки наздикашон буд, гуфтанд: “Онро наздик кунед.” Чун мӯҳтавиёти дегро диданд, аз хӯрдани онҳо хушашон наёмад ва ба он шахс гуфтанд. “Ту бихӯр, зеро ман бо касе муноҷот мекунам, ки ту намекунӣ.”

Бинобар ин, касоне, ки эҳсоси таб мекунанд, ҳарорати бадан, сӯзиши гулӯ ва димоғ доранд, бояст то сиҳат ёфтан аз ҷамоати масҷид ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам дурӣ биҷӯянд.

Дар сурате ки Пайғамбар (с) касонеро, ки сирпиёз ё хӯрокҳои дорои бӯи нороҳаткунанда хӯрда бошанд, ба дурӣ ҷустан тавсия додаанд, пас воҷиби имонӣ ва масъулияти диндорӣ аст, ки нафарони дорои таби баланд ва сӯзиши гулӯ ё димоғ аз намози ҷамоат ва ҷойҳои серодам канора гиранд, дар акси ҳол, ҳамчунон ки аз ҳадис бармеояд, нафари риоянакунанда осӣ ва гунаҳгор мешавад. Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки аз Расули Худо (с) шунидам, ки мегуфт: «Ҳеҷ намозе бе покизагӣ қабул намегардад».

Аз далелҳои зикргардида маълум мегардад, ки назофат ва покизагӣ яке аз воҷиботи муҳими дини мубини Ислом ба шумор меравад. Бинобар ин, ҳар як фарди мусулмон бояд бо назофату покизагӣ пойбанд бошад, то ки тоаташ мақбул гардида, дар назди Худо ва мардум маҳбуб қарор гирад.

_________________________________

*Назофат — покӣ, покизагӣ, тозагӣ,

*Муроот — риоя кардан ба чизе.

*Мисвок – дандоншӯяк, лифи чӯбини махсус, ки бо он ҳангоми дастурӯшӯӣ дандонҳоро молида пок мекардаанд.

*Меъроҷ – болоравӣ, дараҷа ба дараҷа баланд рафтан, уруҷ кардан




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво