29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Устод Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ»-ҳамоиши илмию амалӣ дар Душанбе

682
Танҳо дар асари худ таҳти унвони «Маънои калимаи «тоҷик» ва услуби нигориши он», ки ҳамагӣ 24 саҳифаи дастнавис аст, устод Айнӣ 208 маротиба калимаи «тоҷик»-ро зикр намудааст ва барои исботи фикраш санадҳои раднопазир меорад. Ин нукта имрӯз зимни ҳамоиши илмию амалӣ таҳти унвони «Устод Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ», ки бо ташаббуси кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) доир гардид, иброз шуд. Ҳамоиши мазкур ба пешвози Рӯзи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки ҳамасола 15 апрел ба хотири зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ дар сатҳи донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат доир мегардад.

Зикр гардид, ки нақши устод Айнӣ дар тафсири калимаи «тоҷик» ва ҳифзи фарҳангу таърихи ин миллати куҳанбунёд бузург аст. Ба иттилои маърӯзачиёни ҳамоиш, устод Айнӣ бо далелҳои таърихӣ ва илмӣ исбот мекунад, ки сокинони Осиёи Миёна ватандорони аслии ин минтақа мебошанд. «Агар китобҳои дарсии замони устод Айниро гирем, аз ягон нафар адибе, ки имрӯз шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст, ба монанди Умари Хайём, Фирдавсӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Абдураҳмони Ҷомӣ, Саъдию Ҳофиз ному нишон набуд, зеро онҳоро ба халқи Эрон мансуб медонистанд ва ба миллати тоҷик ҳуқуқ намедоданд, ки онҳоро адиби худ гӯянд», — таъкид гардид дар идомаи ҳамоиш.

Ба иттилои муҳаққиқони соҳа, маҳз соли 1940 ба муносибати 10- солагии ташкили Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон як китобе таҳти унвони «Намунаҳои адабиёти тоҷик» бо ҳуруфи лотинӣ чоп шудааст, ки мушовирони он устод Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ буданд. «Муқаддимаи ин асар, ки бо салоҳдиди устод Айнӣ аз ҷониби Иосиф Самойлович Брагинский навишта шудааст, имкон дод, ки бори аввал дар таърихи Ҳукумати Шӯравӣ ба воситаи расмият ёфтани истилоҳи тоҷику форс ҳуқуқи тоҷикон ба мероси маънавии гузашта расман дар сатҳи мақомоти давлатӣ қабул шавад», — таъкид намуданд иштирокчиёни ҳамоиш.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво