28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад

2532
Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, чорабиниҳои мазкур бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, роҳандозӣ мегардад. Таҷлили имсолаи Рӯзи пойтахт ба 18 апрел рост меояд.

Чун анъана солҳои қаблӣ дар Рӯзи пойтахт дар чор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор мегардиданд. Ҳамчунин дар ин рӯз озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо мукофотҳои муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво