29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Гулистон меҳмонхонаҳои «Далер», «Соҳил» ва гулгашти нав ба истифода дода шуданд

350
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба мо иттилоъ доданд, дар шаҳри Гулистон илова бар иншооти ба нақша гирифташуда даҳҳо иншооти иловагӣ низ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бунёд гардидаанд.

Аз ҷумла, меҳмонхонаи замонавии «Соҳил», майдончаҳои варзишии теннис, баскетбол, волейболи пляжӣ, мавзеи пиёдароҳи варзишӣ бо таҷҳизоти тамринӣ дар соҳили «Баҳри тоҷик», фермаи мурғпарварӣ ва гармхонаи лимӯпарварӣ дар осоишгоҳи «Баҳористон», таҷдиди бинои маъмурии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», сехи коркарди қоғаз дар ҳудуди ҶДММ «Сахо ва К», фабрикаи мурғпарварӣ, меҳмонхонаи «Далер», гулгашти нав дар даромадгоҳи ғарбии шаҳр бунёд гардида, чароғонкунии шоҳроҳи Хуҷанд-Гулистон низ ба анҷом расонида шуд.

Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳри Гулистон вусъат ёфта, сохтмони дигар иншооти муҳим, аз ҷумла ҳаммому сартарошхонаҳо бахшида ба ҷашни миллӣ тибқи нақша ҷараён доранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво