20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Худоёр Худоёрзода: «Корҳои боқимондаи нақби «Истиқлол» ба анҷом расонида мешаванд»

285
Дар доираи ҳамкории муштараки ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон корҳои боқимондаи нақби «Истиқлол» ба анҷом расонида мешаванд. Дар ин раванд корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ, васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунии нақб анҷом дода мешаванд.

Оид ба ин масъала зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 8 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қарори дахлдор қабул шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки бо ҳамовозии аксарияти вакилони Маҷлиси намояндагон Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон ба намояндагӣ аз Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ тасдиқ гардид.

Санади ҳамкории мазкурро дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода ва вакили мардумӣ Баҳодур Акрамзода шарҳ доданд.

Зикр шуд, ки нақби «Истиқлол» аз ҷиҳати стратегӣ иншооти муҳим ба ҳисоб рафта, ба истифода додани он барои мамлакат аз ҷиҳати сиёсӣ ва рушди иқтисодиёт аҳамияти хос дорад.

Корҳои кофтуковӣ ва геологии нақби «Истиқлол» аз зери қаторкӯҳҳои Ҳисор дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд соли 1972 ва корҳои сотмонии роҳҳои банақббаранда соли 1982 оғоз гардидаанд. Соли 1988 сохтмони нақб оғоз гардид ва соли 1991 бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ қатъ гардид.

Баъди соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 1999 аз қисмати шимолӣ ва моҳи октябри соли 2001 аз қисмати ҷанубии нақб корҳои сохтмонӣ дубора оғоз гардиданд. Минбаъд корҳои сохтмонӣ дар нақб дар доираи ҳамкории дуҷониба ва судманди Тоҷикистону Эрон сурат гирифта, моҳи июли соли 2006 он расман ба истифода дода шуд.

«Дар натиҷаи мулоқоти байниидоравӣ ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда маблағи умумии 11 миллион доллари америкоиро бо маблағгузории баробар (50% саҳми ҷониби Эрон тариқи грант ва 50% саҳми ҷониби Тоҷикистон) анҷом диҳанд», — гуфт Худоёр Худоёрзода.

Ба иттилои Вазир, айни ҳол корҳои лоиҳавии зикргардида аз тарафи ширкати ҷониби эронӣ омода шуда, барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ омода мебошанд.

Нақби мазкур,- гуфт мавсуф, бо фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла, кам кардани фосилаи вақти ҳаракат, равуои бемоневу бехатари воситаҳои нақлиёт дар ҳама фаслҳои сол, интиқоли мусофирон ва молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум аз минтақаи шимол ба минтақаҳои дигар аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ аҳамияти муҳими стратегӣ дорад.

Зикр гардид, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат идомаи корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол» оғоз гардида, мавриди истифодаи умум қарор дода шуд.

«Дар маҷмӯъ, то ба имрӯз барои сохтмони нақби «Истиқлол», ки аз 4996 метр нақби мошингузар ва 4996 метр нақби ҳаводиҳанда иборат аст, ба ғайр аз корҳои системаҳои ҳавотозакунӣ, рушноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ маблағи 61,4 миллион доллари америкоӣ равона гардидааст»,- иттилоъ дода Худоёр Худоёрзода.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2019 зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор карданд, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати дарёфти маблағҳои сармоягузорӣ барои бунёди долонҳои зидди тарма дар қитъаҳои осебпазири роҳи мошингарди «Душанбе — Чаноқ» ва беҳтарсозии имкониятҳои нақби «Истиқлол» тадбирҳои зарурӣ андешад.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво