28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

СУТ аввалин нишонаҳои коронавирусро номбар намуд

332
Яке аз нишонаҳои аввалини коронавирус ҳарорати баланди бадан мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора намояндаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Маргарет Харрис дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Россия 1» изҳор намудааст.

Одамон мегӯянд, ки нимашаб дар ҳолати хирасарӣ бедор мешаванд, худро хеле бад ҳис мекунанд ва намефаҳманд, ки бо онҳо чӣ рӯй додааст»,- гуфт Харрис.

Ӯ афзуд, ки баъди ин беморон дарҳол хунук хӯрда, онҳоро табларза мегирад.

«Нишонаи аз ҳама возеҳи ин беморӣ вараҷа ва ҳарорати беш аз 38 дараҷа мебошад»,- зикр намуд номбурда.

Ба қавли ӯ, зиёда аз 90 фоизи беморон бо чунин ҳолат дучор мешаванд.

Мутобиқи маълумоти СУТ, дар тамоми дунё зиёда аз як миллион бемори COVID-19 ба қайд гирифта шуда, беш аз 57 ҳазори он фавтидаанд. Дар Россия 5389 ҳолати сироят ошкор шудааст.

АКС: © REUTERS / Ciro De Luca




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво