29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе барои ҳавасмандии ғолибони озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ маблағ ҷудо гардид

349
Барои ҳавасмандии ғолибони озмунҳои касбии соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол» ва «Корманди миёнаи тибби сол» 34 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ин озмунҳо ҳамасола бо мақсади рушди соҳаи тандурустии пойтахт роҳандозӣ мегарданд.

Рустами Эмомалӣ масъулинро вазифадор намуд, ки ғолибони озмунро дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонанд.

Ёдовар мешавем, ки дар сохтори тандурустии пойтахт айни замон 61 муассисаи табобатию пешгирӣ фаъолият менамоянд. Дар 16 муассисаи табобатӣ 2745 кати муолиҷавӣ ва дар 2 хонаи кӯдакон 200 кат ташкил карда шудааст, ки дар онҳо кӯдакони бепарастори то синни 4 сола бистарӣ мешаванд. Аз ин шумора 905 катҳои терапевтӣ, 614 катҳои ҷарроҳӣ, 495 катҳои акушер-гинекологӣ ва 731 катҳои педиатрӣ мебошанд.

Дар сохтори соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе 3361 нафар табибон ва 5433 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Соли гузашта ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва назариявии кормандони соҳаи тандурустии пойтахт як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд, ки дар ин замина 434 нафар табибон ва 528 нафар кормандони миёнаи тиб аз такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ гузаштанд.

Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ, яке аз вазифаҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво