24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода дар ифтитоҳи бинои иловагии кӯдакистони №7-и шаҳри Ҳисор иштирок кард

399
Дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бинои иловагии муассисисаи томактабии №7-и шаҳраки Ҳисор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Боғчаи мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, саҳми аҳолӣ ва соҳибкорони шаҳр барои 120 кӯдак бунёд гардидааст. Бо ифтитоҳи бинои мазкур дар маҷмӯъ 170 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Бинои кӯдакистон бо кат, болишту бистар, зарф, маводи таълимӣ, аёнияту бозича ва саҳни он бо айвонча, майдончаи бозии кӯдакон, дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ таъмин гардидааст.

Кӯдакон, волидайни онҳо ва сокинони маҳалла аз бунёди чунин боргоҳи таълиму тарбия хурсанду шодмон буданду ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми созандаву бунёдкорона изҳори сипосу эҳтиром доштанд.

Инчунин дар ин рӯз бо иштироки муовини Сарвазир Ширин Исматуллозода ва меҳмонон 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии №87, ки аз ҷониби аҳолии деҳаи Ҳуснобод ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ, майдончаи варзишии замонавӣ дар деҳаи Гулхании Ҷамоати деҳоти Ҳисор аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зоҳирҷон Олимов бо истифода аз усулҳои замонавӣ ба маблағи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дорухона дар деҳаи Ҷорубсой аз ҷониби сокини маҳалла Ойбибӣ Азизова ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ, чоҳи амудӣ барои 500 хоҷагӣ дар деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода бо саҳми аҳолии деҳа ба маблағи зиёда аз 450 ҳазор сомонӣ, мағозаи фурӯши молҳои мавриди ниёзи мардум дар деҳаи Равшандилон аз ҳисоби сокинони деҳа Ҷамол Маҳмад ва Сунатуллои Раҳматулло ба маблағи 321 ҳазор сомонӣ, бунгоҳи тиббӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ ва 4 синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ аз ҷониби соҳибкор Зайниддин Нуралиев ба маблағи 250 000 сомонӣ бо таъсиси зиёда аз 20 ҷойи кори доимӣ ба истифода дода шуданд.

Синфхонаҳои иловагии навсохт аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо мизу курсӣ, тахтаи синф ва ҷевон муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Ҳангоми ифтитоҳ ва мулоқот бо сокинону кормандон, таълимгирандагону омӯзгорон муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода муҳимияти корҳои созандагиро бахшида ба ин ҷашни таърихӣ шарҳ дода, даъват намуд, ки сокинон дар ободию пешрафти муҳити зист бояд бештар саҳмгузор бошанд.

Сармеъмори шаҳри Ҳисор Тоҷиддин Шамсуддинов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 767 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Соли 2020 57 иншоот ва дар маҷмӯъ 261 иншоот ба истифода дода шудааст.

То соли 2021 ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 22 муассисаи томактабӣ, 6 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 3 адад китобхона, 2 адад боғи фарҳангӣ, 2 адад гулгашт, 1 адад беморхона, 5 адад бунгоҳи тиббӣ, 41 адад маркази тиббӣ, 3 адад нуқтаи хатнакунӣ, 24 адад дорухона, 14 адад толори варзишӣ, 40 адад майдончаи варзишӣ, 6 адад майдончаи бозиҳои кӯдакон, 1 адад меҳмонхона, 40 адад сартарошхона, 20 адад ҳаммом, 20 адад кошонаи ҳусн, 50 адад маркази савдо, 45 адад маркази хизматрасонӣ, 2 адад корхонаи коркарди шир, 20 адад дӯкони ҳунармандӣ, 5 адад коргоҳи дӯхти либосҳои мактабӣ, 4 адад коргоҳи қолинбофӣ, 5 адад коргоҳи атласбофию адрасбофӣ ва 144 адад дигар намуди иншоот ба истифода дода мешаванд.

Ин имкон медиҳад, ки ҳазорҳо ҷойи нави корӣ пайдо гардида, иқтисодиёти шаҳри Ҳисор бештар рушд кунад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво