20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Галина Перфилйева, намояндаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон : «Бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус ҳангоми муошират то як муддат аз баъзе одатҳо бояд даст кашид»

375
«Таваҷҷуҳи маро як одати шаҳрвандони Тоҷикистон ба худ ҷалб намуд – ҳангоми вохӯрӣ бо дӯстону ҳамкорон онҳо бештари вақт якдигарро ба оғӯш гирифта, бӯсобӯсӣ ва дуру дароз дастфишорӣ мекунанд. Ин одати хуби тоҷикон аст, ки аз меҳрубониву самимият, хушрафторӣ ва ростқавлии онҳо дарак медиҳад. Аммо биёед, хулоса намоем: дар давраи ҳассосе, ки тамоми ҷаҳон дар банди коронавирус COVID-19 мебошаду шумораи мубталоёни ин вирус қариб ба миллион, шумораи ҳалокшудагон ба зиёда аз 40 ҳазор нафар мерасад, анҷоми ин амал магар ба саломатии мо ва атрофиён зиён намеорад? Тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, ин вирус тавассути ҳаво паҳн мешавад ва тоҷикистониҳо бояд ба таври қатъӣ ба як муддат аз ба оғӯш гирифтани ҳамдигар, бӯсобӯсӣ ва дастфишорӣ худдорӣ намоянд. Аз оростани маъракаҳои серодам муваққатан даст кашанд. Мо бояд талаботи қоидаҳои бехатариро бо мақсади ҳифзи саломатӣ риоя намоем, зеро ин фосилаи иҷтимоӣ миёни аҳолӣ метавонад суръати паҳншавии вирусро коҳиш диҳад. Агар дар ин бора мо рафтори худро тағйир диҳем, фикр мекунам, ки паҳншавии ин вирусро пешгирӣ кардан мумкин аст».

Ин мулоҳизаҳои Роҳбари Намояндагии доимии Дафтари минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон Галина Перфилйева аст, ки онро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло Ализода доир ба пешгирӣ аз ин беморӣ баён намуд.

«Ҳоло тамоми ҷаҳон бо COVID-19 мубориза мебарад, дар ҷаҳон қариб кишваре нест, ки дар он ин намуди беморӣ вуҷуд надошта бошад. Аз миёни 53 кишвари минтақа Тоҷикистон ва Туркманистон ду кишваре ҳастанд, ки дар онҳо ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст», — гуфт Галина Перфилева.

Номбурда таъкид намуд, ки “мо бояд ҳамроҳи шумо тадбирҳое андешем, ки дар ҳама ҳолат дар мубориза бо ин беморӣ омода бошем. Агар дар ин хусус маълумоти кофӣ дошта бошем ва онро ба аҳолӣ дурусту дақиқ фаҳмонда тавонем, бовар дорам, ки мо ба ҳама мушкиливу сахтӣ ғолиб мебароем. Вақте ки аз ҷониби масъулин ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дастҳои худро шӯянд, қоидаҳои гигиениро риоя намоянд, дар он сурат ҳар як шаҳрванд на вазифадор, балки уҳдадор аст, ки ин тавсияҳоро ҳатман риоя намояд”.

-Имрӯз тамоми ҷаҳон дар хатар аст ва муборизаи шадид бар зидди COVID-19 идома дорад. Ин муборизаи ҳаёту мамот аст ва маълум хоҳад кард, ки мо зинда мемонем мо ва ё коронавирус, — зикр кард Галина Перфилева ва афзуд, ки дар Тоҷикистон мутахассисони соҳа ба таври шабонарӯзӣ дар самти пешгирии ин вирус фаъолият мебаранд ва шароити созгор фароҳам оварда шудааст.

«Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар моҳҳои сипаригашта, ки ҷомеаи ҷаҳон аз хурӯҷи шадиди коронавируси COVID-19 нигаронанд, корҳои хубе ба сомон расонид. Зиёда аз 6 ҳазор нафар дар карантин қарор доштанд, аммо имрӯз ин сарборӣ боз ҳам мушкилтар гардидааст. Зеро дар чанд рӯзи охир зиёда аз 4 ҳазор нафар ба карантин фаро гирифта шуданд. Шумо метавонед ин сарбории сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро барои ҷо ба ҷо ва ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандонаш, ки аз дигар кишварҳо ворид мегарданд, тасаввур намоед. Тоҷикистон аз шаҳрвандони худ рӯ нагардонидааст, балки ҳамарӯза онҳоро қабул менамояд. Аммо ин шаҳрвандон аз кишварҳое меоянд, ки дар онҳо коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Барои ҳамин ҳар як шаҳрванд набояд сарҳадро худсарона убур карда, ҳамчун манбаи сироят миёни ҷомеа бошад. Аз ин рӯ вазифаи ҷонии ҳар яки мо- донистан ва риоя намудани қоидаҳои беҳдошт мебошад. Дар чунин сурат бо боварӣ метавон гуфт, ки вуруди коронавирус ба мамлакат пешгирӣ карда мешавад”, — иброз дошт ӯ.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво