20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сохтмони пули нави мошингузари деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон оғоз гардид

302
Дар болои рӯдхонаи кӯҳии деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон пули нави мошингузар сохта мешавад. Дарозии пул 18 метр буда, он бо маблағгузории Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бунёд мегардад. Роҳсозон тасмим гирифтаанд, ки то фарорасии фасли сармо пули мошингузарро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Пули кӯҳнаи мошингузари ин деҳа аввали солҳои шастуми асри гузашта сохта шуда, бо мурури замон бар асари селфароӣ рӯ ба харобшавӣ овардааст. Ин пул дар масири Душанбе-Хоруғ-Кулма ҷойгир буда, ҳамарӯза аз болои он садҳо мошини мусофирбару боркаш ҳаракат мекунанд.

Ба гуфтаи муҳандиси пули мазкур Бахтибек Исҳоқов, сокиноне, ки дар атрофи ин пул зиндагӣ мекунанд, ҳамасола бо фаро расидани фасли баҳор ба таҳлука меафтанд. Зеро пас аз ҳар борону омадани сел зери пул аз сангу хок пур шуда, об ба тарафи хонаҳои истиқоматӣ ҳаракат мекунад.

Чаҳор сол пеш қариб 8 хона зери сел монда, соҳибонашон маҷбур шуданд, ки макони зисти худро тарк ва поён аз роҳи мошингард хона бунёд кунанд. Аммо ин қитъаи замин низ ба соҳили рӯдхона наздик аст ва агар пули баланду мустаҳкам сохта нашавад, боз ҳам ба ҳаёти ин сокинон хатар таҳдид мекунад.

Ҳоло бунёди пули нав оғоз шуда, пас аз ба итмом расидани он сокинони деҳа бе тарсу ваҳм аз он гузар мекунанд.

АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво