29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19. Шумораи мубталоёни коронавирус дар ИМА аз 100 ҳазор нафар гузашта, теъдоди умумии онҳо дар ҷаҳон тақрибан ба 600 ҳазор расид

299
Ба ҳолати 28 март дар саросари ҷаҳон шумораи умумии гирифторони намуди нави коронавируси COVID-19 тақрибан ба 600 ҳазор нафар расида, ҳоло 597 267 касро ташкил медиҳад. Шумораи фавтидагон беш аз 27 ҳазор нафар ва теъдоди онҳое, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, зиёда аз 133 ҳазор нафар мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Ҳамчунин аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дирӯз аз Чин, ки макони хуруҷи беморӣ мебошад, пеш гузашта, дар ҷои аввал қарор гирифт. Теъдоди мубталоён дар ИМА 104 205 нафарро ташкил медиҳад.

Италия низ Чинро пас гузошта, ба ҷои дуюм баромад. Дар он то имрӯз 86 498 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 9 134 нафарро ташкил медиҳад.

Чин аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм буда, дар он 86,498 нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Испания — 65 719, Германия — 50 871, Франсия — 32 964, Эрон — 32 332, Британияи Кабир — 14 543, Швейтсария — 12,928, Кореяи Ҷанубӣ — 9 332, Нидерланд – 8 603, Австрия – 7 697, Белгия – 7 284, Туркия – 5 698 ва Канада – 4 757 ба қайд гирифта шудааст.

Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (9 134 нафар), Испания (5 138), Чин (3 295), Эрон (2 378), Франсия (1 995), ИМА (1 701), Британияи Кабир (759), Недерланд (546), Германия (351) ва Белгия (289) дохил мешаванд.

СУТ имрӯз дар бораи беш аз 195 кишвар ва ҳудуд гузориш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво