19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 49 ва дар давлатҳои Иттиҳод ба 1167 нафар расид

488
Ҳолатҳои сироятёбӣ аз навъи нави коронавируси COVID-19 дар се шаҳрванди дигари Ӯзбекистон ошкор гардид, ки ду нафари онҳо шахсони аз Россия баргашта ва 1 нафари дигар ҳамсари мусофири аз Туркия омада мебошанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии мубталоён дар ин кишвар ба 49 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Ба ҳолати 24 март шумораи умумии гирифторони коронавирус дар давлатҳои ИДМ 1167 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар Арманистон шумораи онҳо ба 235, дар Молдова ба 109, дар Беларус ба 81, дар Озарбойҷон ба 72, дар Қазоқистон ба 68 ва дар Қирғизистон ба 42 нафар расид.

Дар Россия ва Украина шумораи мубталоён бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 438 ва 73 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар кишварҳои ИДМ шумораи бемороне, ки шифо ёфтаанд, меафзояд. Дар Беларус 22 нафар, дар Россия – 17, дар Озарбойҷон – 10, дар Арманистону Молдова 2-нафарӣ ва дар Украина – 1 нафар шифо ёфта, ба манзили зисташон баргаштанд.

Дар Озарбойҷон ва Молдова 1-ҳолатии фавт ва дар Украина се ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи гирифторони коронавирус ба 42 нафар расида, аз миёни онҳо 1 бемор шифо ёфт ва 1 тани дигар вафот кард.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 381 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 16 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 102 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 12 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Шумораи кишварҳо ва ҳудудҳои паҳншавии сироят меафзояд. СУТ имрӯз дар бораи беш аз 190 давлат ва ҳудуд гузориш медиҳад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (81171), Италия (63927), ИМА (46145), Испания (35136), Германия (29056), Эрон (23049), Франсия (19856), Кореяи Ҷанубӣ (9037), Швейтсария (8795) ва Великобритания (6650) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

АКС аз STV.UZ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво