20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 18 ва дар давлатҳои Иттиҳод ба 452 нафар расид

424
Коронавируси COVID-19 дар се шаҳрванди дигари Ӯзбекистон ошкор карда шуд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии мубталоён дар ин кишвар ба 18 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Ба ҳолати субҳи 19 март шумораи умумии гирифторони коронавирус дар давлатҳои ИДМ 452 нафарро ташкил дод. Аз ҷумла, дар Арманистон шумораи онҳо ба 110, дар Қазоқистон ба 37, дар Молдова ба 36, дар Ӯзбекистон ба 18 ва Украина ба 16 нафар расид.

Дар Россия, Беларус, Озарбойҷон ва Қирғизистон шумораи мубталоён бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 147, 51, 34 ва 3 нафарро ташкил медиҳад.

То имрӯз дар Россия 8 нафар, дар Озарбойҷон – 7, дар Беларус — 5 ва дар Арманистону Молдова 1-нафарӣ аз беморхона ҷавоб шуданд. Дар Озарбойҷон ва Молдова 1-ҳолатӣ фавт ва дар Украина ду ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи гирифторони коронавирус бетағйир боқӣ монда, 22 нафарро ташкил медиҳад, ки аз миёни онҳо як нафар аз беморхона ҷавоб шуд.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (беш аз 80,9 ҳазор), Италия (беш аз 35,7 ҳазор), Эрон (беш аз 17,3 ҳазор), Испания (беш аз 14,7 ҳазор), Германия (беш аз 12,3 ҳазор), ИМА (беш аз 9,4 ҳазор), Франсия (беш аз 9,1 ҳазор), Кореяи Ҷанубӣ (беш аз 8,5 ҳазор), Швейтсария (беш аз 3,1 ҳазор) ва Британияи Кабир (беш аз 2,6 ҳазор) дохил мешаванд.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 219 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 8,9 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 85,7 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,8 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво