18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муроҷиати ВКХ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ

348
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бино ба қарори Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ки дар Чин, Эрон, Италия, Ҷумҳурии Корея, Афғонистон, Фаронса, Испания, Шветсия, Швейтсария, Британияи Кабир, Норвегия, Нидерланд, Олмон, Белгия, Дания ва Иёлоти Муттахидаи Америка қарор доштанд ва ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ба мақсади пешгирии сироят ва паҳншавии коронавируси нав (COVID-19) дар хоки Тоҷикистон ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамватанони дар хориҷи кишвар қарордошта метавонанд дар ҳолати зарурат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ муроҷиат кунанд. Маълумот дар бораи намояндагиҳои мо дар хориҷаро аз пайванди зерин метавон дарёфт кард.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво