26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Наврӯз имсол 20 март ба Тоҷикистон мерасад

430
Наврӯзи байналмилалӣ имсол ба Тоҷикистон — Ватани Наврӯз 20 март, соати 08:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ мерасад. Дар ин бора директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИ ҶТ Гулчеҳра Қоҳирова иброз намуд.

Бино ба маълумоти олимаи тоҷик, тибқи ҷадвали астрономӣ, соли 2020 рӯзи 20 март, соати 03:50 дақиқаи вақти ҷаҳонӣ Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад.

«Лаҳзаи гузаштани Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ ба як сония баробар ҳаст. Инчунин дар ин вақт боз як падидаи ҷолиб- баробаршавии шабу рӯз ба вуҷуд меояд. Фосилаи вақти байни ду гузашти пайдарҳамии Офтобро аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ соли астрономӣ меноманд», — илова намуд номбурда.

Ба таъкиди доктори илмҳои физикаву техника Гулчеҳра Қоҳирова, Наврӯз — ин ҷашни соли нав аз рӯи тақвими шамсии астрономӣ барои мардуми Шарқ мебошад. Ин ҷашн анъанаи миллӣ буда, ба дин ягон вобастагӣ надорад. Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин дар таърихи башарият мебошад, ки онро дар Форс (Эрон) ва Осиёи Миёна аллакай то асри VII пеш аз мелод ҷашн мегирифтанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво