18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар иштирок намуданд

286
Дар Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар иштирок намуданд

14 март дар шаҳри Душанбе бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ифтихори иди Наврӯзи байналмилалӣ Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор гардиданд. Дар Дав ва веломарофони имсола зиёда аз 5 ҳазор нафар фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, намояндагони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назжи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок доштанд.
Дар Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар иштирок намуданд
Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедрониро Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадафи чорабинӣ ва тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти рушди варзиш ва солимгардонии ҷомеа ибрози андеша намуд.
Ба ғолибон ва иштирокчиёни ин мусобиқаи варзишӣ диплому ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи олимпӣ тақдим карда шуданд.
Дар Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар иштирок намуданд  Бояд гуфт, ки мусобиқаҳои варзишии мазкур бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили бошукуҳи Иди байналмилалии Наврӯз, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим доир гардиданд.
Тавре сардори Раёсати Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Наврӯзов изҳор намуд,- кормандони Кумита якдилона дар ин гуна мусобиқаҳои варзишӣ ширкат намуда, барои обу тоби бадан ва солимгардонии худ, оммавӣ гардонидани тарбияи ҷисмонию варзиш ва ташвиқу тарғиби ҳаёти солим саъй мекунанд.
“РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво