20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Ганҷи сухан» дар остонаи Наврӯз маҳфили идона орост

429
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯзи фархундапай нишасти идонаи маҳфили «Ганҷи сухан» баргузор гардид, ки воқеан нафасу файзи баҳорона дошт. Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо фарорасии баҳору Наврӯз муборакбод гуфт.

Дар бахши «Навгониҳои илмиву адабӣ» дотсенти кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳ Сорбон Азизов ҳозиринро бо китобҳои тозаинтишор шинос кард. Аз ҷумла, аз нашри якчанд китобҳои муфиди «Тоҷикистон Ватани наврӯз аст», «Поэтикаи ғазалиёти Бедил», «Аз Бедил то имрӯз», «Мактаби Камол», «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷунайдуллои Ҳозиқ. «Сафинат-ул авлиё»-и Муҳаммади Дорошукӯҳ ва ғайра маълумот дод. Баъдан дар мавзӯи «Сарнавишти таърихии Наврӯзи тоҷикон» суҳбати пурмӯҳтавои доктори илмҳои филология, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Нуралӣ Нурзод манзури ҳозирин гардид.

Мавсуф гуфт, ки пайванди ҷашни Наврӯз ба офаринишро метавон ба замони барпоии он аз дергоҳи таърих, ки рамзи эҳёи табиат ва фарорасии айёми шукуфоиву бедории аносири табиӣ ва амсоли ин дониста мешуд, марбут донист. Он дар сароғози маърифати гоҳшумории мардумони ориётабор, ҳатто аз рӯзгорони аз ду фасл таркиб ёфтани як сол, яъне баҳору хазон қарор доштааст.

Асолати Наврӯз чун ҷашни маҷмӯи шодиву сафо, бедориву иқдом дар он ифода меёбад, ки инсоният берун аз ҳама маҳдудаҳои фикриву ақидавӣ ба он ниёз дорад, онро таҷлил мекунад ва ба он арҷи баланд мегузорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво