27 сентябр 2022, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкори маҳаллӣ дар Конибодом бинои истиқоматии бисёрошёна месозад

259
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Конибодом аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Самиҷон Қобилов бинои истиқоматии бисёрошёна бунёд мегардад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дод. Тавре зикр гардид, дар шаҳр аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Самиҷон Қобилов бинои истиқоматии бисёрошёна ба истифода дода мешавад. Навбати аввали сохтмон бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои нақлиёт ва майдончаҳои бозии кӯдакон моҳи сентябри соли 2020 мавриди истифода қарор мегирад.

Ҳамчунин то моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Конибодом майдони Нишони давлатӣ ба истифода дода мешавад. Нишони мазкур дар маркази шаҳр ҷойгир буда, масоҳати умумии он 1 гектарро ташкил медиҳад,

Раиси вилоят бо ҷараёни навсозии собиқ кинотеатри ба номи Комил Ёрматов, ки дар ҳудуди боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳри Конибодом ҷойгир аст, шинос гардид. Бинои кинотеатр соли 1959 бунёд ёфта, айни замон дар мувозинаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом қарор дорад. Навсозии бинои мазкур бо 500 ҷойи нишаст бо маблағгузории буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят амалӣ карда мешавад.

Ҳамчунин бо маблағгузорӣ аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом навсозии боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр сурат мегирад. Боғи мазкур дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, масоҳати он 3,8 гектарро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Конибодом ҶСК «Конибодом» фаъолият мекунад, ки ба истеҳсоли конвсерва машғул мебошад. Айни замон дар он зиёда аз 70 нафар машғули коранд. Роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки бо мақсади васеъ намудани доираи фаъолият барои нигоҳдории 1200 тонна маҳсулот сардхона ва барои коркарди меваи хушк сехи банду баст ташкил намояд.

Дар ҷараёни сафар Раҷаббой Аҳмадзода ташаббуси соҳибкоронро хуш истиқбол намуда, ҷиҳати бо сифати баланд бунёд кардани иншооти ба нақша гирифташуда, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба хориҷи мамлакат тавсия дод.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво