12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Даври аввали Озмуни мазкур моҳи апрел оғоз мешавад

927
Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Амри Сарвари давлат тартиби баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар соли 2020 ба тасвиб расид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи ҷадвали баргузорӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз чор давр иборат буда, аз моҳи январ то моҳи декабр ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

-даври якум моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, маркази деҳот, шаҳрак;

-даври дуюм моҳи июн дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

-даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

-даври чоруми Озмун барои ғолибон то 10 декабр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ҷамъбаст мегардад.

Макони баргузории даврҳои озмун дар деҳот, шаҳрак, маркази шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад. Ҳамчунин масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба уҳдаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ноҳия, шаҳр, вилоят) мебошад. Ҷараёни баргузории тамоми даврҳои озмун тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос ва пахш карда мешавад.

Барои иштирокчиёни даври аввал то якуми апрел вақт дода мешавад, то ба озмун хуб омодагӣ бинанд. Онҳое, ки имкони бақайдгирӣ наёфтаанд (аз ҷумла, муҳоҷирон, беморон, аз маркази шаҳрак ва ноҳия дур будани маҳали зисташон, донишҷӯёни тоҷики дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда), вале дар доираи талаботи он китоб хонда ва якчанд рӯз ва ҳатто як рӯз пеш аз Озмун муроҷиат намоянд, бояд ба қайд гирифта шуда, ба онҳо ҷиҳати иштирок дар Озмун ба таври ҳузурӣ иҷозат дода мешавад.

Дар даври аввал ҳайати комиссияи Озмун аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таъсис дода мешавад. Комиссияи озмун ҳайати ҳакамонро дар мувофиқа бо раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таъсис медиҳад. Намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, шоирону нависандагон, олимону рӯзноманигорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдӯстон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба ҳайати кори озмун ва ҳакамон ворид карда мешаванд.

Довталабон барои иштирок ба комиссияи озмун то санаи баргузории даври аввал аз рӯи номинатсияи муайян бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

ариза;

ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома);

маълумотнома аз ҷойи таҳсил ё кор (барои нафароне, ки кор намекунанд, маълумотномаи ҷойи истиқомат);

рӯйхати асарҳои мутолианамуда ва ашъори азёдкарда;

ҳуҷҷат доир ба аъзои китобхона будан (агар аъзо бошад).

Тибқи ҷадвали озмун, ҳайати комиссияи озмун лаёқат, малака ва маҳорати довталабонро аз рӯи шартҳои зерин (мувофиқи ҷадвали меъёрҳои баҳогузории замимашуда) баҳогузорӣ мекунад:

барои аъзои фаъоли китобхона;

тарзи нақл ва оҳанги қироати иштирокчӣ;
— мавзӯъҳои инсондӯстӣ, хайру саховат, некию накӯкорӣ, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, Ватану ватандӯстӣ, Тоҷикистон, сулҳу субот;

аз худ кардан ва хондани осори адабиёти классикӣ, муосир, бачагона ва хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод аст;

намунаҳои эҷодиёти халқ: афсона, қисса, рубоӣ, достон, чистон, тезгӯяк, латифа ва ғайра;

-аз рӯи хондани назм ва насри бадеӣ;

-шарҳи мухтасари асар;
-маълумот оид ба қаҳрамонони асосии асар;
-баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар;
-озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ;
-ҳунари ровигӣ;
-қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он;
-дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар;
-таассуроти довталаб аз хондани осор.

Дар номинатсияи шоирӣ, ки имсол ба озмуни мазкур илова гардид, ба довталаб барои таълифи жанрҳои шеърии зерин баҳогузорӣ карда мешавад:

— 1 достони мукаммал (дар вазнҳои анъанавӣ, аз ҷумла ҳазаҷ, рамал, мутақориб);

— 30 ғазал (дар вазнҳои суннатии арӯз, аз қабили рукнҳои солими хафиф, ҳазаҷ, раҷаз, рамал)

— 20 рубоӣ;

— 10 дубайтӣ;

— 5 мустазод;

— 3 мухаммас,

— 2 мусаддас;

— 4 қасида;

— 5 шеъри сафед;

— 10 суруди ватандӯстона;

— 4 тарҷеъбанд;

— 3 таркиббанд.

Натиҷаи даври аввали озмун ба расмият дароварда шуда, бо имзои раису аъзои он тасдиқ ва нусхаю варақаи баҳогузорӣ, нусхаи сабти видеоӣ дар парвандаи ғолиби озмун нигоҳдорӣ ва барои даври минбаъдаи озмун пешниҳод мешаванд.

Ҳар як иштирокчие, ки натиҷаи баландро соҳиб мегардад, аз ҷониби ҳайати ҳакамон барои иштирок ба даври дуюм пешниҳод мегардад.

Умед аст, ки озмуни мазкур тавонад дар саросари ҷумҳурӣ шавқу рағбат ва таваҷҷуҳи наврасону ҷавононро ба китобу китобхонӣ бедор намуда, саҳми боризи худро дар пешрафти маънавиёти миллату давлат гузорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво