26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳадяи соҳибкорзан ба бонувон

446
Ҳадяи соҳибкорзан ба бонувон Бо мақсади рушду ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ва эълон гаштани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳамзамон таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузорӣ сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо саноатчиён ва соҳибкорони мамлакат санаи 14 октябри соли 2019, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ба шаҳрванд Султонова Муқаддас аз ҳисоби заминҳои зери сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба масоҳати 420 метри мураббаъ қитъаи замин барои сохтмони бинои 2-ошёнаи сехи дузандагӣ ва адрасбофӣ интихоб ва ҷудо гардид. Лоиҳаи ангоравии корхона тасдиқ гардида, сохтмони он дар муҳлати кӯтоҳтарин ба анҷом расонида шуд. Бинои мазкур дар арафаи ҷашни “Рӯзи Модар”, рӯзи 3 марти соли ҷорӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавии муосир ба истифода дода шуд.

Сохтмони бино моҳи октябри соли 2019 аз тарафи сохтмончиёни Раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оғоз гардида буд. Маблағи сарфшуда дар бинои мазкур зиёда аз 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сомон” аз тарафи соҳибкорзани маҳаллӣ сокини шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Султонова Муқдддас соли 2018 таъсис дода шуд буд. Дар ин ҷамъият 30-нафар бонувон ба фаъолияти дузандагӣ ва адрасбофӣ фаро гирифта шудаанд. Коргоҳ дорои 25 адад мошинаҳои дарздӯзӣ ва 10-адад дастгоҳи адрасбофӣ мебошад.

Ҳадяи соҳибкорзан ба бонувон

Дар солҳои 2018-2019 аз тарафи ин ҷамъият зиёда аз 5050 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия таъмин карда шудааст, ки зиёда аз 833 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин кормандони ҷамъияти мазкур ба омода намудани ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ қуроқдузӣ, муҳрабофӣ, чакандузӣ, попурдузӣ машғул мебошанд.

Ҳадяи соҳибкорзан ба бонувон

Дар оянда ҷамъият саъй дорад барои пешрафти соҳаи саноат, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллии ноҳия ва таъмини ҷойҳои корӣ, бахусус бонувон саҳми арзанда гузошта, дар коргоҳи мазкур зиёда аз 50-нафарро бо ҷойҳои корӣ таъмин намояд.
А.Сафарзода,
мухбири махсуси «РБ»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво