29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

65 нафар шаҳрвандони Чин дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе таҳти назорати карантинӣ қарор доранд

326
Айни замон 65 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе таҳти назорати карантинӣ қарор доранд. Дар назар аст, ки қисме аз онҳо 5 март пас аз ба охир расидани муҳлати карантинӣ ҷавоб дода шаванд. Дар ин бора сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои сироятӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Эркин Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, ҳолати ҳамаи нафарони дар карантин қарордошта хуб буда, дар онҳо то ҳол ягон нишонаи беморӣ дида нашудааст.

«Дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе зиёда аз 390 кат барои бистарӣ намудани бемориҳои сироятӣ мавҷуд буда, шароит барои табобати бемориҳои вирусӣ муҳайё карда шудааст»,- афзуд Эркин Раҳмонов.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми тасдиқ шудани COVID-19 дар ягон нафар бемор ба ҳуҷраи махсус интиқол дода мешавад.

«Ин ҳуҷра бокс ном дошта, дар он тамоми қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ барои бемории ниҳоят хавфноки вирусӣ омода карда шудааст. Ҳуҷраи мазкур вирусро аз паҳншавӣ нигоҳ медорад ва дар он ҳуҷра ҳавополои махсуси «филтрӣ» мавҷуд аст, ки вирусҳоро дар худ нигоҳ дошта, паҳн шудан намегузорад», — илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 31 январ беш аз 240 нафар шахсони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон омада дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе ба муддати 14 руз ба карантин фаро гирифта шуда, ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво