Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Лахш тантанаҳои Наврӯзӣ баргузор гардида истодаанд. Дар ҷашни Наврӯзи аҷам, ки дар маркази ноҳия баргузор гардид, меҳмонон аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва раисони ноҳияҳои Водии Рашт иштирок доштанд.
Сокинони ноҳия, ки аз ду миллати дӯст иборатанд, ҳунарҳои мардумӣ ва санъати гузаштагони миллати қирғизу тоҷикро ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин бо ташаббуси раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир дар ин ҷашни бошукӯҳ хатнатуйи 30 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ва 6 ҷашни арусӣ доир гардид ва ятимони кулли ноҳияро соҳибкорону саховатмандон бо кумакпулиҳо қадрдонӣ карданд.