28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» намоиши аксҳо доир мегардад

525
4 март бахшида ба Рӯзи Модар ва ба хотири арҷ гузоштан ба азамат ва бузургии зан-модар дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» намоиши аксҳо баргузор мешавад. Дар намоиш асарҳои офаридаи мусаввирон ва ҳайкалтарошони наслҳои гуногуни Тоҷикистон, ки дар фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳифз ва нигаҳдорӣ мегарданд, ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иброз намуд, «дар асарҳои эҷодшуда симои зан – модар, ки аз тарафи рассомон дар солҳои гуногуни қарни ХХ офарида шудаанд, ифода ёфта, ҳар як мусаввара нақши зани тоҷикро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ инъикос менамояд».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба хотири арҷ гузоштан ба азамату зебоии зан-модар дар ҳамаи мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва қисмҳои низомӣ Рӯзи Модар бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Беларус 8 март ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил мегардад. Дар Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Украина он чун Рӯзи байналхалқии занон ҷашн гирифта мешавад. Аммо дар Арманистон 7 апрел ҳамчун Рӯзи Модар ва зебоӣ таҷлил мегардад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво