29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сергей Лебедев мулоқот намуд

399
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси Кумитаи иҷроия-Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҷараёни баргузорӣ ва натиҷаҳои интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ табодули афкор намуданд.

Сергей Лебедев аснои мулоқот ба тадбирҳои омодагӣ ва ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бо риояи талаботи қонунгузории мамлакат ва меъёрҳои байналмилалӣ амалкунанда баргузор гардид.

Ҳамчунин Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Душанбе гурӯҳи мушоҳидони байналмилалӣ аз Маҷлиси федеролии Федератсияи Россияро таҳти роҳбарии раиси Кумитаи кор бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии Авруосиё ва робита бо ҳамватанони Маҷлиси федеролӣ Леонид Калашников ба ҳузур пазируфт.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво