29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кумитаи иҷроияи ИДМ: Роҳбари ҳайати нозирони ИДМ Сергей Лебедев аз участкаи интихоботӣ дар Душанбе боздид намуд

374
1 март Раиси Кумитаи иҷроия-Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, роҳбари ҳайати нозирони ИДМ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сергей Лебедев аз як участкаи интихоботии Душанбе дидан карда, гуфтааст, ки иштироки фаъоли интихобкунандагон аз ҳавасмандии сиёсии шаҳрвандон дар ҷараёни интихобот шаҳодат медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад.

Дар интихобот дар маҷмӯъ, беш аз 4,9 миллион нафар сабти ном шудаанд, онҳо метавонанд то соати 20:00 дар 3450 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла дар хориҷи мамлакат овоз диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати мушоҳидон 158 нозир аз ИДМ сабти ном гардидаанд, ки фаъолияти худро тибқи Конвенсия дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқҳои интихоботӣ ва озодиҳо дар кишварҳои узви ИДМ, дигар ҳуҷҷатҳои дар доираи Иттиҳод амалкунанда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни мудохила ба ҷараёни интихобот ва эҳтироми соҳибихтиёрии давлат роҳандозӣ намудаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво