20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Санъати ороишӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Аврупо муаррифӣ мегарданд

459
Санъати ороишӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон бояд ба мардуми Аврупо муаррифӣ гарданд. Ин нуктаро 25 феврал Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йозефсон зимни мулоқот бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз намуд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода ба Сафири Иттиҳоди Аврупо Мерилин Йозефсон оид ба фаъолияти соҳаи фарҳанг ва самтҳои асосии он дар Тоҷикистон маълумот дод.

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йозефсон иброз намуд, ки ҳунарпешаҳои тоҷик истеъдоди баланд дошта, метавонанд дар қитъаи Аврупо санъати тоҷикро ба таври арзанда муаррифӣ кунанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо Вазорати фарҳанг то ин муддат ҳамкории хуб дошта, ният дорад онро минбаъд таҳким бахшад.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки ҷонибҳо ба дурнамои фаъолият, нақшаҳои минбаъда ва амалӣ намудани барномаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи бештар равона намоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво