29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Масъулини шаҳри Душанбе ба аёдати сарбозони бистарии госпитали ҳарбии Вазорати мудофиа рафтанд

330
Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аёдати сарбозони бистарии госпитали ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, муовини Раиси шаҳр Мавсума Муинӣ бо вазъи будубош ва ҷараёни табобати сарбозон дар Госпитали мазкур шинос шуда, аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе онҳоро ба муносибати таъсиси Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Мавсума Муинӣ зикр кард, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи ҳар як ҷавонмарди асил аст ва беҳуда онро мактаби мардонагӣ наномидаанд.

Сипас ба сарбозони бистарӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво