29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аъзои гурӯҳи таблиғотии Паёми Пешвои миллат дар минтақаи Сибир бо муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот намуданд

286
Гурӯҳи таблиғотӣ оид ба расонидани нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаи Сибири Федератсияи Россия қарор дорад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ хабар медиҳад.

Аз оғози ҳафтаи равон сафари гурӯҳи тарғиботӣ бо пешбарии Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати вакили Маҷлиси намояндагон Қиёмиддин Миралиён, узви Маҷлиси миллӣ Қаноатшо Лоиқзода ва дигарон вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми навбатии Президенти мамлакат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби онҳо ҷиҳати иштироки фаъол дар маъракаҳои интихоботӣ аз шаҳри Новосибирск оғоз гардид.

Дар рӯзи аввал гурӯҳи корӣ бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Шамсиддин Зардӣ ва аъзои Ҷамъияти тоҷикон дар ҳамин минтақа вохӯрӣ намуда, масъалаҳои мубрами муҳоҷирони меҳнатӣ ва вазъи ҳаёту фаъолияти онҳоро дар ин минтақа мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ҳайати ваколатдори Парлумони мамлакат изҳор дошт, ки ҳадаф аз сафару вохӯриҳояшон бо ҳамватанон дар минтақаи Сибир- ин аз наздик шинос шудан бо фаъолияти онҳо, тарғиби самтҳои ободкоронаю созандаи Паёми Пешвои миллат, фаъолияти ҲХДТ, ки тӯли ин солҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, бо ташаббусҳои наҷибу тақдирсоз баҳри пешрафти ҷомеа талошҳо намудааст, мебошад.

Тавре муовини раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қаноатшо Лоиқзода зимни суҳбат изҳор дошт: «Маҳз бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид».

Мавсуф дар идомаи суҳбат илова намуд, ки «имрӯз вазифаи ҳар як инсони солимфикр аз он иборат аст, ки новобаста аз он ки дар кадом гӯшаи олам қарор дорад, дар ободию пешравии Ватани худ саҳмгузор бошад.

«Ободию сарсабзии Тоҷикистон ва хизмат барои боз ҳам тараққӣ кардани мамлакати сарсабзамон аз ҷавонмардию нанги баланди ҳар яки мо дарак медиҳад. Бигзор як ниҳоле шинонем, роҳеро обод кунем, корхонае созем, то насли минбаъда истифода кунад, соҳиби ҷойи кору маош гардад, истеҳсолот баланд шавад, сатҳи иқтисодии зиндагии мардум боло барояд- ин аст марому ҳадафҳои ободкоронаи Роҳбарияти олии давлати тоҷикон ва ҲХДТ», — гуфт Қаноатшо Лоиқзода.

Ҳамватанони бурунмарзӣ бо изҳори қаноатмандӣ аз баргузории чунин вохӯриҳои судманд иброз доштанд, ки хизмат ба Ватан барояшон дар мадди аввал меистад ва тамоми дастуру ҳидоятҳои созандаю ободкоронаи ҲХДТ- ро бо сарварии Пешвои миллат ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки вохӯриҳо дар шаҳрҳои Новокузнетск, Омск ва Томск идома доранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво