25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Фестивали «Таронаи сарбоз» баргузор гардид

304
Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Фестивали ҷумҳуриявии «Таронаи сарбоз» баргузор гардид. Фестивали мазкур ба шарафи 27-умин солгарди Рӯзи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он сарбозону афсарони қисмҳои низомии мамлакат иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Рӯзи таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон табрик намуда, гуфт, ки бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар як мамлакат буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа тарҳрезӣ ва зимни амалӣ намудани корҳои бузурги созандагию ободонӣ имконпазир мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни амалӣ намудани ин иқдомҳои наҷиб ва корҳои муҳиму шоиста нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдкори давлати навини тоҷикон ва ифодагари ҷавонони дорои неруи азими зеҳниву ҷисмонӣ баҳри иштирок дар ҷараёни фаъолияти пурмаҳсули давлатсозӣ бениҳоят арзишманд мебошад.

«23 феврали соли 1994 дар Тоҷикистон нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор шуда, он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Сарфи назар аз вазъи номусоидии ҳарбию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Сарвари давлат — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданд. Зеро амнияти давлату миллат ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, тартиботи ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, аз тинҷию оромӣ ва мустаҳкамии марзу буми давлат вобастагӣ дорад»,- гуфт Абдулло Раҳмонзода.

Дар ҷамъомад намояндагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар васфи Ватан, модар, ҷавонӣ ва ишқ таронаҳо сароиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво