19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кинотеатри «Наврӯз»-и ноҳияи Ёвон навсозӣ мешавад. Умед аст, ки толори он дубора аз тамошобин пур мегардад

339
Барои навсозии Кинотеатри «Наврӯз»-и ноҳияи Ёвон корҳои сохтмонӣ шурӯъ шудаанд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳарчанд бинои Кинотеатри «Наврӯз» ба МД «Тоҷикфилм» тааллуқ дошта бошад ҳам, вале Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон барои барқарор ва рангу бор кардани он иқдом намудааст.

Кинотеатри «Наврӯз» 8 майи соли 1988 бунёд ёфта, аз ду толор: толори калон барои 600 нафар ва толори хурд барои 40 нафар иборат мебошад. Ҳамзамон он дорои 4 ҳуҷраи корӣ мебошад, вале солҳост, ки барои тамошои филм касе ба он ҷо намеравад. Мардуми ноҳия лаззати тамошои филмро дар пардаи толори кинотеатр кайҳо аз ёд бурдаанд.

Бинои мазкур солҳо рӯйи таъмирро надидааст. Намои ҳузновар, курсиҳои шикаставу дару девори валангор ва боми харобгашта ҳолати кунунии кинотеатрро таҷассум менамоянд.

Умед аст, ки нафарони саховатпешаю фарҳангдӯст барои барқарору ба истифода додани Кинотеатри «Наврӯз» ва ба мардум бахшидани ғизои маънавӣ саҳм мегузоранд. Умед аст, ки толори ин кинотеатр дубора аз тамошобинон пур мегардад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво