20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов дар ноҳияи Ёвон барои 500 нафар кӯдакистони замонавӣ месозад

338
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов дар ноҳияи Ёвон барои 500 нафар кӯдакистони замонавӣ ба истифода дода мешавад. Хамчунин то соли 2030 бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва сохтани кӯдакистонҳои хусусию давлатӣ 30 фоизи кӯдакони ноҳияи Ёвон бо муассисаҳои томактабӣ таъмин мегарданд.

Ин матлабро Раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд оид ба сабабҳои соли 2019 ба боғчаҳою марказҳои инкишофи кӯдакон ҷалб гардидани танҳо 4,6 фоизи кӯдакони синни томактабӣ баён дошт.

Ба гуфтаи мавсуф, дар ҳақиқат аз ҳисоби кам будани кӯдакистонҳо ва муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия ин мушкилот вуҷуд дорад ва онҳо пайи ислоҳи он кӯшиш доранд.

Масъулини ноҳия дар нишасти матбуотӣ ба 21 саволи хабарнигорон вобаста ба масоили ободонию бунёдкориҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмири роҳҳои мошингард, ҳифз ва нигаҳдошти мавзеъҳои таърихӣ, ҳолати мелиоративии заминҳои киштшаванда, дастгирии ниёзмандон, ҳолати санитарӣ-эпидемиологӣ, фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҷавобҳои мушаххас доданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво