25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соли равон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон 5 минтақаи хизматии милитсия бунёд мешаванд

304
Соли равон 5 минтақаи хизматии милитсия дар ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳурӣ бунёд гардида, бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирии электронии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо ҷорӣ гардида, вобаста ба ҷалби бештари занон ба мақомоти корҳои дохилӣ корҳои иттилоотӣ бурда мешаванд.

Иқдоми мазкур чанд намунаест аз нақшаи фаъолияти якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) дар соли 2020.

Ёдовар мешавем, ки 13-14 феврал бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва кумаки молиявии ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) вохӯрии шарикони иҷтимоӣ ҷиҳати банақшагирии фаъолият дар соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Валихон Ҳамдамзода, роҳбарият ва кормандони ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд», ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт, инчунин шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Дар вохӯрӣ В. Ҳамдамзода дар бораи фаъолияти ВКД дар соли 2019 дар самти ислоҳоти милитсия ба ҷомеаи шаҳрвандӣ иттилоъ дода, зимнан вобаста ба фаъолияти ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд» ибрози андеша намуд.

Дар нақшаи мазкур ҳамчунин таҳия, нашр ва омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа, тақвият бахшидани фаъолияти Шӯрои занони ВКД,
баргузории конференсияҳои минтақавӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар ҳамоишҳо дар самти такмили фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии назди мақомоти корҳои дохилӣ низ дарҷ гардидааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво