29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо бахшида ба 27-солагии Артиши Тоҷикистон идома дорад

578
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо бахшида ба 27-солагии Артиши Тоҷикистон идома дорад
15 феврал дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳо бахшида ба 27-солагии Артиши миллӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан» оғоз гардид. Дар маросими кушодашавии он намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Шарипов, муовини якуми директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат, хонандагони муассисаҳои таълимии умумӣ ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ иштирок намуданд.

Дар маросими мазкур Зафаршо Иброҳимзода иброз дошт, ки «мақсад аз ташкили намоиши мазкур инъикоси муфассали фаъолияти заҳматталаб ва бошарафу содиқонаи муҳофизони Тоҷикистон буда, ба ин восита дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон мебошад».

Намояндаи Вазорати мудофиа Суҳроб Шарипов аз дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки «Артиш яке аз нишонаҳои асосии мавҷудият ва пояи устувори давлат мебошад. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи бузургест, ки амнияту осоиштагии мардумро таъмин намуда, кафили сулҳу суботи ҷомеа мебошад».

Дар намоишгоҳ 88 акс, тамринҳои ҳарбии ҷузъу томҳои низомии мамлакат тавассути оинаи нилгун, инчунин аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Артиши миллӣ бо афсарону сарбозон ҳангоми боздид аз ҷузъу томҳои низомӣ ва иштирок дар машқгоҳҳои ҳарбиро ба маъраз гузошта шудаанд.

Зимни маросим бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ватандустӣ аз ҷониби корманди Осорхона Ҳасан Нурматзода, корманди ансамбли «Шараф»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойназар Назаров ва хонандаи синфи 10 Муҳаммадиқбол Мастонов дар васфи Ватан сурудҳо қироат гардиданд.

Дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо бахшида ба 27-солагии Артиши Тоҷикистон идома дорад

Тавре сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фирдавси Абдулҳамид иброз намуд, ин намоиш аз ҳамоишҳои гузашта ба куллӣ фарқ мекунад. Зеро дар он дастовардҳои 27 соли Артиши миллӣ тариқи аксҳо пешниҳоди тамошобинон мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Дар асоси он Қувваҳои мусаллаҳи мо дар заминаи неруҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис ёфт. 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид ва он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар ҳақиқат ба сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони мамлакат ва осоиштагии ҷомеа табдил гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки намоиши мазкур то 24 феврал идома меёбад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво